Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Парчами Тоҷикистон конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд

Ноябрь 23, 2025 09:30

ДУШАНБЕ, 23.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуи «Парчам- рамзи соҳибдавлатӣ ва ҳувияти миллӣ» конференсияи илмӣ — назариявӣ баргузор шуд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» аз ин донишгоҳ.

Дар конференсия иброз гардид, ки Парчами миллӣ нишоне аз таърихи давлатдории халқи тоҷик ва яке аз рамзҳои муқаддаси давлати соҳибистиқлоламон буда, тоҷиконро дар байни ҷаҳониён муаррифӣ менамояд.

Тибқи маълумоти сарчашмаҳо, қавмҳои ориёӣ ҳанӯз аз давраҳои бостон оини парчамсозию парчамдориро гиромӣ медоштанд. Зеро парчам ҳамчун рамзи ваҳдату ягонагӣ, ҳамдилию ҳамдигарфаҳмӣ ва иттиҳоди халқу миллатҳои гуногун ва набарду муборизаҳои онҳо барои истиқлолу озодӣ шинохта мешавад.

Арҷгузорӣ ба арзишҳои миллии аҷдодонамон, аз ҷумла ба Парчами давлатӣ арҷгузорӣ ба тамоми арзишҳои гузаштаю имрӯз ва фардои миллат аст. Ҷашн гирифтани Рӯзи Парчами давлатӣ ба хотири эҳтиром ва бузургдошти қаҳрамонони миллат, ба хотири онҳоест, ки барои ҳимояи нангу номус ва марзу буми ин мамлакат ҷоннисорӣ намуда, забон, фарҳанг ва ҳуқуқи давлатдории ин миллати куҳанбунёдро ҳифз намуда, бегазанд то ба замони мо расонидаанд.

«Муҳаббат ва садоқат ба Парчами давлатии Тоҷикистон ифодагари ҳақиқии эътиқоду имон ба миллат, давлат, сарзамин, тамаддуну фарҳанг ва тамоми арзишҳои миллии халқи тоҷик мебошад»,-таъкид гардид дар ҷамъомад.

Дар фарҷом устодону кормандони донишгоҳ бо ифтихорномаҳо қадрдонӣ карда шуданд.

АКС: Донишгоҳи технологии Тоҷикистон

Ноябрь 23, 2025 09:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ҷашни Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ду озмоишгоҳи муосир ба истифода дода шуд
Дар Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе ҷашни Наврӯз бо риояи расму ойини миллӣ таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд озмуни «Беҳтарин эҷодкори достонҳои «Шоҳнома»» ҷамъбаст гардид
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба ҳифз, эҳё ва рушди забони миллӣ машварати омӯзишӣ доир шуд
Қабули довталабон барои таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Мардумии Чин оғоз гардид
Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон даври муассисавии Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» доир шуд
«БАҲОРИ МАЪРИФАТ: МОДАР, ҚАЛАМ ВА НАВРӮЗ».Таҳти ин унвон дар Душанбе ҳамоиши идона доир шуд
Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон оид ба таҳсилоти муҳандисӣ ва технологияҳои рақамӣ конфронс баргузор шуд
Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бо панҷ муассисаи таҳсилоти олии Узбекистон созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонид
Байни Донишгоҳи давлатии Бохтар ва се донишгоҳи Узбекистон созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид