Дар Душанбе ҷаласаи 59-уми пленарии Ассамблеяи байнипарламентии ИДМ баргузор мегардад

Ноябрь 14, 2025 08:44

ДУШАНБЕ, 14.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе дар бинои Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи 59-уми пленарии Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор мегардад, хабар медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».

Дар ҷаласа сарварони парлумонҳои кишварҳои Иттиҳод: Раиси Шурои Ассамблеяи байнипарламентии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Раиси Шурои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Русия Валентина Матвиенко, Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ, Раиси Шурои Ҷумҳурии Маҷлиси Миллии Ҷумҳурии Беларус Наталя Кочанова, Раиси Сенати Парламенти Қазоқистон Маулен Ашимбаев ва Раиси Сенати Олий Мажлиси Ҷумҳурии Узбекистон Танчила Нарбаева иштирок менамоянд.

Ҳамчунин дар кори ҷаласа роҳбарони зерини ҳайатҳои парламентии давлатҳои Иттиҳод иштирок мекунанд: муовини Раиси Милли Маҷлиси Озарбойҷон Зияфет Аскеров, муовини Раиси Маҷлиси Миллии Арманистон Рубен Рубинян, раиси кумитаи Маҷлиси Парламенти Қазоқистон оид ба муносибатҳои байналмилалӣ, мудофиа ва амният Айгул Куспан, Раиси кумитаи Думаи давлатии Федератсияи Русия оид ба корҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ҳамгироии авруосиёӣ ва робита бо ҳамватанон Леонид Калашников, намояндаи ваколатдори Жогорку Кенеши Қирғизистон дар Ассамблеяи байнипарламентии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Шабданбек Алишев, раиси кумитаи Меҷлиси Туркманистон оид ба ҳифзи муҳити зист, истифодаи захираҳои табиӣ ва маҷмааи агросаноатӣ Сердар Гайипов, Котиби генералии Шурои Ассамблеяи байнипарламентии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Дмитрий Кобитский ва муовини якуми Котиби генералии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Игор Петришенко.

Ба рӯзномаи ҷаласа баррасии якчанд ҳуҷҷати муҳими меъёрӣ, аз ҷумла қонунҳои намунавӣ оид ба таъмини дорувории давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, маҳдуд намудани партовҳои газҳои гулхонаӣ, саноатҳои креативӣ, мудофиаи ҳудудӣ, ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак, инчунин тавсияҳо оид ба муайян ва ба ҳисоб гирифтани ҷиноятҳо вобаста ба саводи инсон ва дигар масъалаҳо ворид карда шудаанд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Ноябрь 14, 2025 08:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Робитаҳои байнипарламентии Тоҷикистону Туркия густариш меёбанд
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум ду созишнома қабул шуд
Нахустин Форуми байнипарлумонии Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Ҳамкории байнипарламентии Тоҷикистону Узбекистон тақвият меёбад
Вакилони тоҷик дар гуфтугӯи байнипарлумонӣ доир ба тақвияти қонунгузорӣ барои таъмини рушди баробарии гендерӣ иштирок намуданд
Наврӯз дар рӯи замин сулҳ ва дӯстӣ меофарад
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум созишнома ба тасвиб расид
ТАМАДДУНИ ХАЛҚИ ТОҶИК БА НАВРӮЗ ПАЙВАНДИ НОГУСАСТАНӢ ДОРАД. Мулоҳизаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ дар ин мавзуъ
Ҷаласаи навбатии Комиссияи ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистон ва Русия доир шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарламентии ИДМ доир шуд