Дар Душанбе Маркази дипломатияи об ифтитоҳ гардид

Ноябрь 13, 2025 09:40

ДУШАНБЕ, 13.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. 12 ноябр Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар ифтитоҳи «Маркази дипломатияи об» дар назди Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, ифтитоҳи ин марказ ба 25-солагии дастгирӣ ёфтани нахустин ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар масъалаҳои об, бахусус эълон гардидани «Соли 2003 ҳамчун Соли байналмилалии оби тоза», ки соли 2000 зимни Иҷлосияи 55-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид бо иттифоқи оро қабул гардида буд, бахшида шуд.

Сироҷиддин Муҳриддин аҳаммияти ташаббусҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар пешбарии рӯзномаи ҷаҳонии об ва рушди дипломатияи об таъкид намуда, таъсиси чунин марказро  бо тамаркуз ба масъалаҳои илмӣ-омӯзишӣ муҳим ва саривақтӣ шуморид.

Таъкид карда шуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун мамлакати пешсаф дар масъалаҳои об азм дорад, ки ояндаи наздик бо мусоидати Созмони Милали Муттаҳид ва дигар шарикони байналмилалӣ дар Тоҷикистон «Маркази байналмилалии об» таъсис диҳад. Аз ин рӯ, ифтитоҳи ниҳоди имрӯза барои татбиқи ин иқдом ҳамчун таҳкурсӣ хизмат хоҳад кард.

АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ноябрь 13, 2025 09:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон бо устондори Муборак Ал-Кабири Кувайт вохӯрӣ намуд
Ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим дар Донишкадаи таҳсилоти обии Делфт муаррифӣ гардиданд
Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Конститутсия ва Парчами давлатӣ дар шаҳри Боку таҷлил карда шуд
Дар Донишгоҳи тиббии Исломобод «Рӯзи илми Сино» баргузор шуд
Сироҷиддин Муҳриддин дар Ҳамоиши байналмилалии таъмини амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар нишасти муштараки Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Маҷаллаи «The Times Kuwait» зери унвони «Тоҷикистон: кӯлҳои кӯҳистонӣ, достонҳои куҳан ва меҳмоннавозии гарм» матлаб нашр кардааст
Сафири Тоҷикистон бо устондори Ал-Ҷаҳрои Кувайт вохӯрӣ намуд
Дар Фестивали сайёҳӣ дар Покистон ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Дар шаҳри Путраҷая мулоқоти ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Малайзия баргузор шуд
Идибек Қаландар бо Дабири кулли Вазорати корҳои хориҷии Малайзия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо муовини Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау мулоқот намуд