Дар Душанбе таҳти унвони «Занон, сулҳ ва амният» форум баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 25.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ додем, имрӯз дар шаҳри Душанбе Муколамаи занони Осиёи Марказӣ баргузор шуд, ки дар доираи он таҳти унвони «Занон, сулҳ ва амният» форум доир гардид.
Тавре хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, дар кори форум муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ, Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Бунафша Файзиддинзода, аъзои Муколамаи занони Осиёи Марказӣ, занони роҳбар, намояндагони мақомоти давлатӣ, ташкилоти байналмилалӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва доираҳои коршиносон иштирок намуданд.
Зимни форум иштирокчиён ба нақши занони сулҳофар, саҳми онҳо дар таҳким, пойдории суботи иҷтимоӣ ва амният дар минтақа таваҷҷуҳи махсус доданд.
Иштирокчиёни форум масъалаҳои таҳкими сулҳ ва амният дар Осиёи Марказиро тавассути роҳбарии занон, ҳамкории муштараки занони сулҳофар ва ҷавонон оид ба ваҳдати наслҳо, сулҳу устуворӣ ва амният, ташаббусҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ дар соҳаи маориф, омӯзиши касбӣ ва тавсеаи имконияти иқтисодии занони паноҳҷӯро баррасӣ намуданд.
Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷкистон Дилрабо Мансурӣ иброз дошт, ки дар Тоҷикистон масъалаҳои баробарҳуқуқии гендерӣ ва тавсеаи имкониятҳои занон пайваста дар сатҳи давлатӣ мавриди таваҷҷуҳ қарор дорад.
Иброз гардид, ки бо роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар асоси сиёсати давлатӣ, ки бо дастгирӣ ва рушди баробарии гендерӣ равона шудааст, ин афзалиятҳо дар тамоми ҳуҷҷатҳои стратегии муҳими кишвар инъикос ёфтаанд.
«Дар шароите, ки вазъи байналмилалӣ бо буҳронҳои зиёд ва ноустуворӣ мураккаб мегардад, нақши занон дар пешгирии низоъҳо, дар музокироти сулҳи расмӣ ва барқарорсозии баъд аз низоъ на танҳо муҳим, балки ҳалкунанда аст. Дар он ҷое, ки занон овоз ва имкони таъсир ба қабули қарор доранд, созишномаҳои сулҳ зудтар ба даст меоянд, сифати идоракунӣ баланд мешавад ва пойдории сулҳ таҳким меёбад»,-изҳор дошт Дилрабо Мансурӣ.
Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Бунафша Файзиддинзода иброз дошт, ки имрӯз мо натиҷаҳои яксолаи раёсати Тоҷикистонро ҷамъбаст менамоем ва имконият дорем, ки дастовардҳо, мушкилот ва қадамҳои минбаъдаро дар пешбурди рӯзномаи муколамаи «Занон, сулҳ ва амният»-ро дар минтақа баррасӣ кунем.
«Саҳми фаъол ва дастгирии шарикони калидӣ, сохторҳои байналмилалӣ ва занони роҳбари минтақа дар ин самт арзиши хоса дорад ва ба муваффақияти минбаъдаи Муколамаи занони Осиёи Марказӣ мусоидат мекунад»,-афзуд Бунафша Файзиддинзода.
Иттилоъ дода шуд, ки соли равон ҷомеаи ҷаҳонӣ 25-солагии Қатъномаи 1325 Шурои Амнияти Созмони Милали Муттаҳид «Занон, сулҳ ва амният» ва минтақаи Осиёи Марказӣ 5-солагии таъсиси Муколамаи занони Осиёи Марказиро ҷашн мегиранд. Ин ду сана аҳамияти равшан намудани зарурати пешбурди минбаъдаи ин рӯзномаро таъкид мекунанд.
Намояндаи махсуси Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид дар Осиёи Марказӣ Каха Имнадзе дар форум барои фаъолияти босамар ба занони Осиёи Марказӣ минатдорӣ изҳор намуд.
«Кӯшишҳои дастаҷамъонаи панҷсолаи шумо имконият дод, ки масъалаҳои баробарии гендерӣ дар рӯзномаи муколама муҳим ва афзалиятнок боқӣ монад. Масъалаи баробарии гендерӣ яке аз самтҳои муҳиму асосӣ буда, зарур аст, ки он дар доираи платформаҳои минтақавӣ ба таври ҷиддӣ ба назар гирифта шавад. Ин иқдом барои он равона шудааст, ки занон ба воситаҳо ва абзорҳо дастрасӣ дошта бошанд»,- афзуд ӯ.
Каха Имнадзе изҳор дошт, ки «мо талош дорем то намояндагони занон дар ҳама самтҳо фаъолона иштирок намуда, нақши худро дар раванди рушди ҷомеа пурра амалӣ намоянд».
«Агар орзуҳои шумо, шуморо ба мақсад нарасонанд, бидонед, ки онҳо бузург нестанд. Аз ин рӯ, на танҳо бояд орзу кунем, балки барои дар амал татбиқ шудани онҳо талош намоем. Бояд гуфт, ки занони Осиёи Марказӣ дар истиқрори сулҳу амният метавонанд нақши бориз дошта бошанд»,-таъкид намуд номбурда.
Инчунин зимни форум масъалаҳои муҳимми дигар, аз қабили иштироки ҷавонон ва занон дар раванди сулҳоварӣ, ҷалби духтарони ҷавон ба равандҳои қабули қарорҳо, пешбурди фарҳанги сулҳ тавассути таҳсил ва фаъолиятҳои шаҳрвандӣ, маориф ва соҳибкорӣ, ҳамчун заминаи дастгирии занони паноҳҷӯ, баррасии ташаббусҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ дар соҳаи маориф, омӯзиши касбӣ баррасӣ гардида, дар ин хусус фикру андешаҳои коршиносон шунида шуд.
Иттилоъ дода шуд, ки муколома дар ҷаласаҳои панелӣ бо иштироки коршиносон ва мутахассисон доир гардида, мавзуъҳои зеринро дар бар мегирад:
– «Таҳкими сулҳ ва амният дар Осиёи Марказӣ тавассути роҳбарии занон: дастовардҳо, мушкилот ва нақши миёнҷигӣ»;
– «Ҳамкории занони сулҳофар ва ҷавонон ба хотири ваҳдати наслҳо ва сулҳи устувор»;
— «Гузариши раёсат ба кишвари навбатӣ дар доираи давраи дуюми раёсат».
– «Маориф ва соҳибкорӣ ҳамчун такягоҳ барои дастгирии занони паноҳҷӯ».
Ёдовар мешавем, ки Муколамаи занони Осиёи Марказӣ, ки дар доираи он Форуми «Занон, сулҳ, ва амният» ҷараён дорад, то бегоҳ идома меёбад. Дар назар аст, ки раёсати «Муколаи занони Осиёи Марказӣ» дар соли 2026 ба дигар давлати аъзо гузошта шавад.
Муколамаи занони Осиёи Марказӣ, ки таҳти раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ҷойгоҳи калидӣ барои баррасии масъалаҳои муҳими рӯз ва пешниҳоди ташаббусҳои наве гардид, ки ба пешбурди роҳбарии занон дар Осиёи Марказӣ нигаронида шудаанд.
Моҳинави НАВРӮЗ,
АМИТ «Ховар»
АКС: Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон


















Дар канори роҳи Душанбе–Чанок корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ идома доранд
Оид ба нақши занон дар низоми адолати судӣ конфронси байналмилалӣ баргузор шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон лоиҳаи 37 санади меъёрии ҳуқуқиро мавриди омӯзиш қарор додааст
Бунафша Файзиддинзода: «Бо вуҷуди коҳиши бекоршавии ақди никоҳ ҳалли ин масъала таваҷҷуҳи доимиро тақозо мекунад»
ОГОҲӢ! Аз 16 то 19 июл дар Тоҷикистон баландшавии ҳарорати ҳаво пешгӯӣ мешавад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Барои дарёфти гранти Президенти Тоҷикистон дар соли 2026 аз ҷониби занон 945 лоиҳа пешниҳод шудааст
ЭҲТИЁТ АЗ НУРҲОИ БАЛАНДИ ОФТОБ! Ҳангоми гармои шадид саломатиро чӣ тавр бояд ҳифз намуд?
Дар «Чангоб» 220 нафар кӯдакони ятими кулл, нимятим ва аз оилаҳои камбизоат ба истироҳат фаро гирифта шудаанд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. «Тоҷиксуғурта» ба шаҳрвандон ва ташкилот беш аз 1,1 миллион сомонӣ ҷуброни суғуртавӣ пардохт намуд
Президенти Тоҷикистон: «Сифати таҳияи лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ҳанӯз ба талабот пурра ҷавобгӯ нест»
Муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ пурра бо китобҳои дарсӣ таъмин мебошанд
Дар Душанбе беш аз 13 ҳазор нафар ба сафи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон қабул гардиданд






