Дар Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ ҳамоиш баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 24.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Муассисаи давлатии таълимии Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши идона баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз ин муассиса хабар доданд.
Иброз гардид, ки Рӯзи Парчами давлатӣ барои ҳар фарди тоҷик рӯзи эҳтиром ва гиромидошти яке аз муқаддастарин рамзҳои давлатдорӣ мебошад. Парчами давлатӣ таҷассумгари таъриху фарҳанг, муҳаббат ба Ватан ва ифодаи иродаву ваҳдати халқ аст.
Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо рангу рамзҳои худ маъноҳои амиқи таърихӣ, сиёсӣ ва фарҳангиро дар бар дошта, ҳамчун рамзи истиқлолияти мамлакат ва ваҳдати миллии тоҷикон хизмат мекунад. Бо талошҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Парчами давлатӣ ба унвони муқаддасоти миллӣ мақому ҷойгоҳи хосса пайдо намуда, имрӯз дар арсаи байналмилалӣ бо ифтихор парафшон аст.
Пос доштани рамзҳои давлатӣ, аз ҷумла Парчами давлатӣ яке аз ҷузъҳои тарбияи ватандӯстӣ буда, ба наврасону ҷавонон эҳсоси худшиносӣ, ифтихор аз давлат ва эҳтиром ба муқаддасоти миллиро талқин менамояд.
АКС: Муассисаи давлатии таълимии Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе













Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ҷашни Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ду озмоишгоҳи муосир ба истифода дода шуд
Дар Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе ҷашни Наврӯз бо риояи расму ойини миллӣ таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд озмуни «Беҳтарин эҷодкори достонҳои «Шоҳнома»» ҷамъбаст гардид
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба ҳифз, эҳё ва рушди забони миллӣ машварати омӯзишӣ доир шуд
Қабули довталабон барои таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Мардумии Чин оғоз гардид
Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон даври муассисавии Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» доир шуд
«БАҲОРИ МАЪРИФАТ: МОДАР, ҚАЛАМ ВА НАВРӮЗ».Таҳти ин унвон дар Душанбе ҳамоиши идона доир шуд
Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон оид ба таҳсилоти муҳандисӣ ва технологияҳои рақамӣ конфронс баргузор шуд
Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бо панҷ муассисаи таҳсилоти олии Узбекистон созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонид
Байни Донишгоҳи давлатии Бохтар ва се донишгоҳи Узбекистон созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






