Дар шаҳри Душанбе Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил гардид
ДУШАНБЕ, 13.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. 11–12 ноябр дар пойтахт дар асоси нақшаи чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷамъиятҳои дорои масъулияти маҳдуди «Корвон» ва «Корвон плюс» чорабиниҳои сиёсӣ-тантанавӣ баргузор гардид.
Дар ин чорабиниҳо роҳбарияти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ва намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе сухан намуда, хизматҳои арзандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ ва рушди устувори мамлакат баён доштанд.
Таъкид гардид, ки таҷлили Рӯзи Президент ифодаи арҷгузорӣ ба хизматҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, нишони эҳтиром ба шахсияти таърихӣ ва нақши созандаи Пешвои миллат дар рушди устувори давлат ва пешрафти ҷомеа мебошад.
Чунин чорабиниҳои сиёсӣ дар бозорҳои «Меҳргон», Корхонаи воҳиди давлатии «Бозори Деҳқон» ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Кӯшониён» низ баргузор мегарданд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ноҳияи Роштқалъа корҳои биотехникӣ идома доранд
Дар Ҳисор муоинаи техникаҳои кишоварзӣ ва омодагии онҳо ба мавсими кишт гузаронида шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар «Саноатсодиротбонк» чорабинии тантанавӣ ба ифтихори таҷлили Рӯзи Модар баргузор гардид






