Дар Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ҷашнҳои давлатӣ таҷлил карда шуданд
ДУШАНБЕ, 15.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. 14 ноябр дар Вазорати корҳои хориҷӣ бо иштироки кормандон бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин иброз намуд, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси замина ва қонуни бунёдии давлат масири ҷомеаи демократӣ, эҳтироми ҳуқуқу озодиҳои инсон ва ташаккули сохторҳои ҳокимиятро муайян сохта, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат кафили татбиқи ин санад ва арзишҳои он мебошанд.
Сироҷиддин Муҳриддин инчунин таъкид кард, ки маҳз ба туфайли Конститутсия Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолӣ дар таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, рушди бомароми иқтисодиёт, татбиқи сиёсати дохилию хориҷӣ, дигаргуниҳои бунёдӣ дар ҳама самтҳои ҳаёти ҷомеа, паст кардани сатҳи камбизоатӣ, рушди илму маориф ва тандурустию фарҳанг муваффақ шуд.
Ҳамзамон изҳор гардид, ки имрӯз таҳти роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чандин ташаббусҳои глобалии Тоҷикистон аз сӯи ҷомеаи ҷаҳонӣ пазируфта шудаанд. Ҳамаи ин дастовардҳо самараи ҳидоятҳои дурбинона, роҳбарии оқилона ва иродаи матини Сарвари давлат ва таҳкимбахши ҳамгироии миллӣ ва омили асосии рушди устувору шукуфоии мамлакат мебошанд.
АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон










Сафири Тоҷикистон бо муовини Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау мулоқот намуд
Рушди ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд
Даври 4-уми Шарҳи универсалии даврии Тоҷикистон дар Женева баргузор шуд
Дар Женева доир ба дастовардҳои Тоҷикистон дар 35 соли истиқлоли давлатӣ ва таҳкими ҳифзи ҳуқуқи инсон чорабинии сатҳи баланд доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Австрия бо Президенти Бунёди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон бо раиси Шурои мудирони Ширкати лоиҳаҳои гардишгарии Кувайт мулоқот намуд
Дар Москва Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Ветнам баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири давлатии Кувайт дар умури ҷавонон ва варзиш мулоқот кард






