Дар вилояти Свердловски Федератсияи Русия дар мавзуи рушди саноатикунонии Тоҷикистон вохӯрӣ доир шуд
ДУШАНБЕ, 03.11.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар вилояти Свердловски Федератсияи Русия ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба муаррифии дастовардҳо ва барномаҳои рушди мамлакат бо ҳамватанони бурунмарзӣ вохӯрӣ доир гардид. Дар ин хусус мухбири махсуси АМИТ «Ховар» хабар медиҳад.
Дар вохӯрӣ иштирокдорон доир ба эълон гардидани солҳои 2022-2026 «Солҳои рушди саноат», рушди саноатикунонии мамлакат ва саҳмгузорӣ дар таъсиси корхонаҳои муштарак мубодилаи афкор намуданд.
Иброз гардид, ки ҳар як шаҳрванди мамлакат дар чорабиниҳои илмиву фарҳангӣ дастовардҳо ва барномаҳои рушди мамлакатро дар воситаҳои ахбори омма ва шабакаҳои иҷтимоӣ муаррифӣ намоянд.
Инчунин дар ҷараёни вохӯрӣ иштирокдорон доир ба нақши Кониститутси Ҷумҳурии Тоҷикистон мубодидаи афкор намуда, иброз доштанд, ки донистани Конститутсия ва эҳтиром гузоштан ба меъёрҳои он вазифаи аввалиндараҷаи ҳар як шахси худогоҳу худшинос ва ватандӯсту меҳанпараст мебошад. Омӯзиши ин ҳуҷҷати волои ҳуқуқӣ барои баланд бардоштани маърифати сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва фарҳангии аҳолӣ мусоидат менамояд.
Ҳамчунин гуфта шуд, ки Конститутсияи давлатии демократии мо ҳамеша қутбнамо ва ифодагари манфиатҳои волои халқи дорои таърихи бою рангинамон, манбаи асосии ҳуқуқии ҳокимияти давлатӣ, пешбарандаи ғояву арзишҳои миллии мардуми шарифи Тоҷикистон ва амаликунандаи умеду ормонҳои чандинасраи ниёгонамон буда, ҷавонон ва наслҳои ояндаро вазифадор месозад, ки ин арзиши муқаддасро бо мамлакати худ пойдор нигоҳ доранд.
АКС: АМИТ «Ховар»













Ҳайати Тоҷикистон дар мубоҳисаҳои умумии ҷаласаи 70-уми Комиссияи СММ оид ба мақоми зан иштирок намуд
Дар Тоҷикистон корҳои омодагӣ барои истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон оғоз гардид
Дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон татбиқи методологияи таҳлили хавфҳои коррупсионӣ баррасӣ шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 70-уми Комиссияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба мақоми зан иштирок дорад
ГРАНТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. Занони хоҳишманд метавонанд лоиҳаҳои грантиро пешниҳод намоянд
Дар Тоҷикистон ҳавои номусоид то 11 март боқӣ мемонад
Эмомалӣ Раҳмон: «Модарон дар тарбияи насли нав масъулияти беназир доранд»
Табиат мекунад моро табобат! Сиёҳалаф дорои витаминҳои табиӣ мебошад
Пешвои миллат: «Занон дар ҳама соҳаҳои рушди Тоҷикистон саҳми арзанда доранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Модарон намунаи ахлоқ ва масъулияти ҷомеа мебошанд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Донишмандии зан омили пешрафти тамоми миллат аст»
ЗАН БЕҲТАРИН ВА ОХИРИН ТУҲФАИ ОСМОНӢ АСТ. Гуфтаҳои бузургон дар васфи Зан – Модар






