Дар вилояти Свердловски Федератсияи Русия дар мавзуи рушди саноатикунонии Тоҷикистон вохӯрӣ доир шуд

Ноябрь 3, 2025 16:17

ДУШАНБЕ, 03.11.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар вилояти Свердловски Федератсияи Русия ҷиҳати  иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба  муаррифии дастовардҳо ва барномаҳои рушди мамлакат бо ҳамватанони бурунмарзӣ вохӯрӣ доир гардид. Дар ин хусус мухбири махсуси АМИТ «Ховар» хабар медиҳад.

Дар вохӯрӣ иштирокдорон доир ба эълон гардидани солҳои 2022-2026 «Солҳои рушди саноат»,  рушди саноатикунонии мамлакат ва  саҳмгузорӣ дар таъсиси корхонаҳои муштарак мубодилаи афкор намуданд.

Иброз гардид, ки ҳар як шаҳрванди мамлакат дар чорабиниҳои илмиву фарҳангӣ дастовардҳо ва барномаҳои рушди мамлакатро дар воситаҳои  ахбори омма ва шабакаҳои иҷтимоӣ муаррифӣ намоянд.

Инчунин дар ҷараёни вохӯрӣ иштирокдорон доир ба нақши Кониститутси Ҷумҳурии Тоҷикистон  мубодидаи афкор намуда, иброз доштанд, ки донистани Конститутсия ва эҳтиром гузоштан ба меъёрҳои он вазифаи аввалиндараҷаи ҳар як шахси худогоҳу худшинос ва ватандӯсту меҳанпараст мебошад. Омӯзиши ин ҳуҷҷати волои ҳуқуқӣ барои баланд бардоштани маърифати сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва фарҳангии аҳолӣ мусоидат менамояд.

Ҳамчунин гуфта шуд, ки Конститутсияи давлатии демократии мо ҳамеша қутбнамо ва ифодагари манфиатҳои волои халқи дорои таърихи бою рангинамон, манбаи асосии ҳуқуқии ҳокимияти давлатӣ, пешбарандаи ғояву арзишҳои миллии мардуми шарифи Тоҷикистон ва амаликунандаи умеду ормонҳои чандинасраи ниёгонамон буда, ҷавонон ва наслҳои ояндаро вазифадор месозад, ки ин арзиши муқаддасро бо мамлакати худ пойдор нигоҳ доранд.

АКС: АМИТ «Ховар»

 

Ноябрь 3, 2025 16:17

Хабарҳои дигари ин бахш

ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Созишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои аъзои ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид