Доир ба нақши Конститутсия дар рушди давлатдории миллӣ ҳамоиш баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 04.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз бахшида ба 31- солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Нақши Конститутсия дар рушди давлатдории миллӣ» конфренсияи илмӣ-назариявӣ баргузор шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар кори конфренсия муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демокартии Тоҷикистон Маликшо Неъматзода, Директори Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидзода Иззатулло, ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафарзода Даврон ва дигарон иштирок намуданд.
Дар конференсия иштирокдорон аҳамияти таърихиву ҳуқуқии Конститутсия, нақши он дар таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ, таъмин намудани суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ ва рушди ҷомеаи демократиро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор доданд.
Аз ҷумла, таъкид шуд, ки имрӯз Конститутсия ҳамчун чароғи роҳнамо дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ ва ҳуқуқии кишвар нур мепошад. Дар асоси он тамоми низоми қонунгузорӣ таҳия ва такмил ёфта, давлатдории миллӣ ба марҳалаи нав расидааст. Тоҷикистон имрӯз давлати устувори ҳуқуқбунёд аст, ки дар он қонун ва адолат болотар аз ҳама арзишҳо меистад.
Дар идомаи конфренсияи ба як қатор фаъолон медал ва Сипосномаи Кумитаи иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон тақдим карда шуд.
АКС: Кумитаи иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон








Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Данғара нақшаи ҷамъоварии пахта 100 фоиз иҷро гардид






