Донишҷӯи тоҷик дар мусобиқаи варзишӣ дар Донишгоҳи Кувайт сазовори ҷойи якум гардид
ДУШАНБЕ, 17.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. 15 ноябр дар Донишгоҳи Кувайт мусобиқаҳои варзишии мухталиф баргузор гардиданд, ки дар он шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон- донишҷӯйи курси 3-и ин донишгоҳ Бузургмеҳр Каримов дар мусобиқаи варзишии тирандозӣ сазовори ҷойи якум гардид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт хабар доданд, дар мусобиқаҳои варзишӣ беш аз 3000 донишҷӯёни ин муассиса, ки шаҳрвандони кишварҳои гуногуни ҷаҳон мебошанд, иштирок намуданд.
Иштироки донишҷӯёни тоҷик дар ин мусобиқаҳо на танҳо дастоварди шахсии онҳо, балки намунаи рушди ҳамкории илмӣ ва фарҳангӣ байни Тоҷикистону Кувайт мебошад.
Ёдовар мешавем, ки дар Донишгоҳи Кувайт зиёда аз 43 ҳазор донишҷӯ дар 15 факултаи мухталиф таҳсил доранд.
АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт








ҶОМИ ОСИЁ-2027. Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои бозии ниҳоӣ бо дастаи яккачини Филиппин муайян шуд
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА ГӮШТИНИ ҶУДО. Дар он 13 варзишгари Тоҷикистон иштирок менамоянд
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагиро ба бозӣ ба муқобили дастаи яккачини Филиппин оғоз мекунад
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Хоруғ мусобиқаи гӯштини миллӣ доир мегардад
Дар «Tbilisi Grand Slam- 2026» оид ба гӯштини ҷудо аз Тоҷикистон ҳафт варзишгар иштирок менамояд
Дар Данғара бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Дастаи мунтахаби то 16-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар чемпионати CAFA-2026 иштирок мекунад
Дар Душанбе қуръакашии тақвими Лигаи якуми Тоҷикистон-2026 оид ба футбол баргузор шуд
Варзишгари тоҷик дар Мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми қавитанҳо» соҳиби медали тилло гардид
ФУТБОЛ. Наврӯз Воҳидов ва Фаридун Маҳмадиев аз ҳаққи доварӣ маҳрум карда шуданд
Варзишгари тоҷик Махсатулло Муъминов дар мусобиқаи байналмилалии каратэ-до дар Русия соҳиби медали тилло гардид
Дар Душанбе бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад






