Донишҷӯи тоҷик дар мусобиқаи варзишӣ дар Донишгоҳи Кувайт сазовори ҷойи якум гардид

Ноябрь 17, 2025 13:00

ДУШАНБЕ, 17.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. 15 ноябр дар Донишгоҳи Кувайт мусобиқаҳои варзишии мухталиф баргузор гардиданд, ки дар он шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон- донишҷӯйи курси 3-и ин донишгоҳ Бузургмеҳр Каримов дар мусобиқаи варзишии тирандозӣ сазовори ҷойи якум гардид.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт хабар доданд, дар мусобиқаҳои варзишӣ беш аз  3000 донишҷӯёни ин муассиса, ки шаҳрвандони кишварҳои гуногуни ҷаҳон мебошанд, иштирок намуданд.

Иштироки донишҷӯёни тоҷик дар ин мусобиқаҳо на танҳо дастоварди шахсии онҳо, балки намунаи рушди ҳамкории илмӣ ва фарҳангӣ байни Тоҷикистону Кувайт мебошад.

Ёдовар мешавем, ки дар Донишгоҳи Кувайт зиёда аз 43 ҳазор донишҷӯ дар 15 факултаи мухталиф таҳсил доранд.

АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт

 

Ноябрь 17, 2025 13:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд