Донишгоҳи давлатии Бохтар бо Донишгоҳи Ҳамад ибни Халифаи Қатар ҳамкориро тақвият мебахшад

Ноябрь 27, 2025 11:39

ДУШАНБЕ, 27.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ додем, аз 24 то 27 ноябр дар шаҳри Давҳаи Давлати Қатар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ (QTM — 2025) баргузор мешавад, ки дар он ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок доранд.

Тавре аз Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар доираи ин намоишгоҳ ректори Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав бо ректори Донишгоҳи Ҳамад ибни Халифаи (HBKU) Давлати Қатар вохӯрӣ намуд.

Ҷонибҳо масъалаҳои ба роҳ мондани ҳамкории судманд, аз ҷумла табодули донишҷӯён ва омӯзгорон, иштирок дар барномаҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, ташкили ҳамоишҳои муштарак ва дастгирии иқдоми нави инноватсиониро баррасӣ намуданд.

Иброз гардид, ки рушди робитаҳои байналмилалӣ яке аз самтҳои муҳими фаъолияти донишгоҳ буда, чунин вохӯриҳо имконияти васеъ барои татбиқи лоиҳаҳои муштарак ва густариши ҳамкории дуҷониба фароҳам месозанд.

Донишгоҳи давлатии Бохтар омода аст дар оянда низ робитаҳои худро бо муассисаҳои бонуфузи таълимии ҷаҳонӣ, аз ҷумла Донишгоҳи Ҳамад ибни Халифа тақвият бахшад.

Ректори Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав инчунин бо Директори генералии ширкати сайёҳӣ Visit Qatar вохӯрӣ намуд.

Дар вохӯрӣ масъалаҳои ба роҳ мондани ҳамкории дуҷониба дар самти омода намудани мутахассисони баландихтисос дар соҳаи сайёҳӣ, таҷрибомӯзии донишҷӯён ва хизматрасонӣ баррасӣ шуданд.

Ёдовар мешавем, ки Visit Qatar — яке аз манбаъҳои асосӣ ва платформаи расмии таблиғоти сайёҳӣ дар Давлати Қатар мебошад. Ширкат бо мақсади рушди сайёҳӣ, ҷалби меҳмонон ва муаррифии имконоти фарҳангӣ, таърихӣ ва фароғатии кишвар фаъолият мекунад.

АКС: Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав

 

Ноябрь 27, 2025 11:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ҷашни Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ду озмоишгоҳи муосир ба истифода дода шуд
Дар Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе ҷашни Наврӯз бо риояи расму ойини миллӣ таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд озмуни «Беҳтарин эҷодкори достонҳои «Шоҳнома»» ҷамъбаст гардид
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба ҳифз, эҳё ва рушди забони миллӣ машварати омӯзишӣ доир шуд
Қабули довталабон барои таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Мардумии Чин оғоз гардид
Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон даври муассисавии Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» доир шуд
«БАҲОРИ МАЪРИФАТ: МОДАР, ҚАЛАМ ВА НАВРӮЗ».Таҳти ин унвон дар Душанбе ҳамоиши идона доир шуд
Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон оид ба таҳсилоти муҳандисӣ ва технологияҳои рақамӣ конфронс баргузор шуд
Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бо панҷ муассисаи таҳсилоти олии Узбекистон созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонид
Байни Донишгоҳи давлатии Бохтар ва се донишгоҳи Узбекистон созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид