Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ва Донишгоҳи почта ва телекоммуникатсияи Чунсини Чин Ёддошти тафоҳум ба имзо расониданд
ДУШАНБЕ, 27.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. Байни Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ва Донишгоҳи почта ва телекоммуникатсияи Чунсини Ҷумҳурии Мардумии Чин Ёддошти тафоҳум ба имзо расид.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Донишгоҳи давлатии Хуҷанд хабар медиҳад, Ёддошти тафоҳум дар доираи Форуми байналмилалии ректорон ва роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти олӣ, ки аз 18 то 22 ноябр дар Донишгоҳи почта ва телекоммуникатсияи шаҳри Чунсин баргузор гардид, ба имзо расонида шуд.
Ҳуҷҷати имзошуда барои ташкили имконоти нави ҳамкории академӣ, аз ҷумла табодули устодону донишҷӯён, татбиқи лоиҳаҳои муштарак ва омӯзиши таҷрибаи муассисаҳои таҳсилоти олии Чин заминаи мусоид фароҳам меорад.
Ин иқдом бо мақсади таҳкими робитаҳои илмӣ, таълимӣ ва фарҳангии Тоҷикистону Чин, густариши барномаҳои муштараки таҳсилотӣ, инчунин боло бурдани нуфуз ва рақобатпазирии донишгоҳ дар арсаи байналмилалӣ амалӣ мегардад.
АКС: Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров








Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ҷашни Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ду озмоишгоҳи муосир ба истифода дода шуд
Дар Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе ҷашни Наврӯз бо риояи расму ойини миллӣ таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд озмуни «Беҳтарин эҷодкори достонҳои «Шоҳнома»» ҷамъбаст гардид
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба ҳифз, эҳё ва рушди забони миллӣ машварати омӯзишӣ доир шуд
Қабули довталабон барои таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Мардумии Чин оғоз гардид
Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон даври муассисавии Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» доир шуд
«БАҲОРИ МАЪРИФАТ: МОДАР, ҚАЛАМ ВА НАВРӮЗ».Таҳти ин унвон дар Душанбе ҳамоиши идона доир шуд
Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон оид ба таҳсилоти муҳандисӣ ва технологияҳои рақамӣ конфронс баргузор шуд
Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бо панҷ муассисаи таҳсилоти олии Узбекистон созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонид
Байни Донишгоҳи давлатии Бохтар ва се донишгоҳи Узбекистон созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






