Эҳтиром ва риояи ҳатмии Конститутсия ва қонунҳо вазифаи ҷониву виҷдонии ҳар шаҳрванд аст

Ноябрь 1, 2025 10:15

ДУШАНБЕ, 01.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. 6 ноябр ба қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 31 сол пур мешавад. Бахшида ба ин сана сармутахассиси шуъбаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Илҳом Додарзода чунин ибрози назар намуд:

— Конститутсия маҳсули андешаи миллӣ ва арзишҳои бунёдии халқи ҷумҳурӣ мебошад, зеро ин ҳуҷҷати сарнавиштсоз маҳз ба шарофати андешаву ҳувияти миллӣ, таҳаммулгароӣ ва ҷасорату матонати сиёсии мардуми дорои маърифати баланди ҳуқуқӣ қабул гардида, барои устувории пояҳои давлати мустақил мусоидат намуд.

Ин ҳуҷҷати тақдирсоз, ки маротибаи аввал ба таври раъйпурсии умумӣ қабул гардид, дар худ самтҳо ва бахшҳои асосиву стратегии рушди давлатдории миллӣ ва масъулияти муштараки халқ ва ҳокимиятро дар бунёди ҷомеаи иҷтимоӣ ва шаҳрвандӣ инъикос менамояд.

Дар сатҳи Конститутсия инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ ҳамчун арзиши олӣ эътироф шудааст, ки мавҷудияти ин меъёр баёнгари амалан ба ҷомеаи мутамаддини муосир пайвастани Тоҷикистон мебошад ва дар айни замон шаҳодати он аст, ки ҷумҳурии мо дар бунёди ҷомеаи демократӣ ва давлати иҷтимоӣ пойдевори устувор ва заминаи боэътимод мегузорад.

Вазифаи ҷониву муқаддаси ҳар як сокини мамлакат аст, ки ба ин дастоварди бебаҳои таърихӣ арҷ гузоранд  ва ояндаи боз ҳам  дурахшони ватанамонро бо заҳмати содиқонаву софдилона таъмин намоянд. Ба арзишу меъёрҳои Конститутсия, ки Тоҷикистонро ба ҷомеаи мутамаддини ҷаҳонӣ пайвастанд, арҷ гузорем ва дар асоси ин бахтномаи миллат дар роҳи расидан ба иҷрои ҳадафҳои созандаамон кӯшиш намоем.

Бо мақсади баланд бардоштани фарҳанги маъракаороӣ ва паст намудани сатҳи камбизоатӣ бо ташаббуси Президенти Тоҷикистон 8 июни соли 2007 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардид, ки барои рафъи мушкилоти мардум мусоидат намуд.

Дар сархатҳои дуюм ва сеюми моддаи 14 – и Конститутсияи Тоҷикистон гуфта мешавад: «Ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд бевосита амалӣ мешаванд. Онҳо мақсад, мазмун ва татбиқи қонунҳо, фаъолияти ҳокимияти қонунгузор, иҷроия, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва худидоракуниро муайян мекунанд ва ба воситаи ҳокимияти судӣ таъмин мегарданд.

Маҳдуд намудани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд танҳо ба мақсади таъмини ҳуқуқ ва озодии дигарон, тартиботи ҷамъиятӣ, ҳимояи асосҳои сохтори конститутсионӣ, амнияти давлат, мудофиаи мамлакат, ахлоқи ҷомеа, сиҳатии аҳолӣ ва тамомияти арзии ҷумҳурӣ раво дониста мешавад».

Бо қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузории маъракаҳо давра ба давра танзим гардид.

Дар давоми зиёда аз 18 сол ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» шаш маротиба (16 июни соли 2008, 21 июли соли 2010, 30 майи соли 2017, 28 августи соли 2017, 25 июни соли 2021 ва 20 июни соли 2024) тағйиру иловаҳо ворид карда шудааст.

Аксарияти расму оин ва маросим бештар моҳияти зиёфат, таом додану таом хӯрданро ба худ гирифта буданд ва маҳз ҳамин омил ҷаҳонбинӣ ва маърифати мардуми моро таҳти таъсир қарор дода, боиси зоҳирпарастӣ ва исрофкории аз ҳад зиёд мегардид.

Аз таҳлилҳо бармеояд, ки ин қонун баргузории маъракаҳоро танзим намуда, барои камхарҷ гузаронидани онҳо шароити мусоид фароҳам  овардааст. Шаҳрвандон дар асоси меъёрҳои ин қонун имкон пайдо намуданд, ки ба беҳтар кардани шароити зист ва ба тарбияи фарзандони худ диққати бештар диҳанд.

Ин ғамхориву талошҳои давлату Ҳукумат натиҷаҳои назаррас ба бор овард. Дар мамлакатамон насле ба камол расида истодааст, ки соҳиби дониши муосир, ҷаҳонбинии васеъ, забондон ва соҳибмаърифат мебошанд, дар арсаи байналмилалӣ аз давлату миллат намояндагӣ доранд ва барои тараққиёту ободии Ватани азизамон содиқона хизмат мекунанд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки Конститутсия ҳамчун санади тақдирсози давлати тоҷикон заминаи ҳуқуқии давлатдории мустақил, соҳибихтиёрии миллӣ ва рушди ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеаи кишварро фароҳам овардааст.

Вобаста ба ин, ҳар яки мо – сокинони мамлакат набояд фаромӯш намоем, ки эҳтиром ва риояи ҳатмии Конститутсия ва қонунҳо вазифаи ҷониву виҷдонии мо мебошад.

АКС: АМИТ «Ховар»

Ноябрь 1, 2025 10:15

Хабарҳои дигари ин бахш

«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд