Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад

Ноябрь 18, 2025 08:10

ДУШАНБЕ, 18.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои   тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, дар водиҳо  то 26 дараҷа гарм мешавад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии обуҳавошиносии мамлакат хабар медиҳад.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 0-5 дараҷа хунук, рӯзона 10+15 дараҷа гарм, дар шарқи вилоят шабона 15-20 дараҷа хунук ва  рӯзона 0+5 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 2+7 дараҷа гарм, рӯзона 15+20 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 2-7 дараҷа хунук, рӯзона 7+12 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 2+7 дараҷа гарм, рӯзона 21+26 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 5+10 дараҷа гарм,  рӯзона 15+20 дараҷа гарм мешавад.

Дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳавои  тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 1+6 дараҷа гарм, рӯзона 18+23 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 0-5 дараҷа хунук, рӯзона 13+18 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳри Душанбе ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 5-10 метр дар  як сония мевазад. Ҳаво шабона 6+8 дараҷа гарм ва рӯзона 20+22 дараҷа гарм мешавад.

Ноябрь 18, 2025 08:10

Хабарҳои дигари ин бахш

«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд