Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
ДУШАНБЕ, 05.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда шуда, дар водиҳо бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии обуҳавошиносии мамлакат хабар медиҳад.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 3-8 дараҷа хунук, рӯзона 5+10 дараҷа гарм, дар шарқи вилоят шабона 12-17 дараҷа хунук ва рӯзона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбанда, дар водиҳо бориши борон ва барф дар назар аст. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ барф борида, туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 2+3 дараҷа гарм, рӯзона 8+13 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 7-12 дараҷа хунук, рӯзона 3+8 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбанда, дар водиҳо бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад. Дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ бориши борон ва барф дар назар буда, туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 7-метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 0+5 дараҷа гарм, рӯзона 11+16 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм, рӯзона 5+10 дараҷа гарм мешавад.
Дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад. Дар ноҳияҳои алоҳида бориши борон ва барф дар назар буда, туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 1+6 дараҷа гарм, рӯзона 9+14 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 2-7 дараҷа хунук, рӯзона 6+11 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбанда, асосан бебориш пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 3+5 дараҷа ва рӯзона 9+11 дараҷа гарм мешавад.








Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш дар назар аст
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад






