Иштироки ҳайати Тоҷикистон дар маросими ифтитоҳӣ 6-умин Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ

Ноябрь 8, 2025 14:40

ДУШАНБЕ, 08.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. Маросими ифтитоҳи 6-умин Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ-2025 дар шаҳри Риёзи Арабистони Саудӣ дар сатҳи баланд баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Муассисаи давлатии телевизиони «Варзиш» хабар медиҳад.

Мусобиқаҳо расман оғоз ёфта, то 21 ноябр идома хоҳанд ёфт. Ин чорабинии бисёрварзишӣ беш аз 3 ҳазор варзишгарро аз 57 кишвар дар 23 намуди варзиш ҷамъ меорад.

Ҷудочӣ Ҷаҳонгир Маҷидов ва волейболбоз Гурдофарид Ақназарова парчамбардорони Тоҷикистон дар маросими ифтитоҳии 6-умин Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ буданд. Ҳайати васеи Тоҷикистон дар маросими кушодашавии мусобиқа дар қатори дигар кишварҳои иштирокчӣ иштирок намуд.

Тоҷикистонро дар ин мусобиқот 65 варзишгар аз рӯйи 10 намуди варзиш – варзиши сабук, варзиши электронӣ, волейбол, гӯштии тарзи озод ва юнонӣ-римӣ, таэквондо, тенниси рӯйи миз, футзал, ҷиуҷитсу, ҷудо ва шиноварӣ намояндагӣ мекунанд.

Ёдовар мешавем, ки Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ дар соли 2025 аз 7-ум то 21-уми ноябр дар шаҳри Риёзи Арабистони Саудӣ таҳти сарпарастии Ассотсиатсияи варзишии ҳамбастагии исломӣ (ISSA) баргузор мешавад.

Бори дуюм аст, ки мизбонии баргузории ин мусобиқаро Арабистони Саудӣ ба уҳда мегирад. Дар мусобиқаи мазкур варзишгарони 57 кишвар дар 19 намуди варзиш иштирок мекунанд.

АКС: Муассисаи давлатии телевизиони «Варзиш»

Ноябрь 8, 2025 14:40

Хабарҳои дигари ин бахш

ҶОМИ ОСИЁ-2027. Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои бозии ниҳоӣ бо дастаи яккачини Филиппин муайян шуд
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА ГӮШТИНИ ҶУДО. Дар он 13 варзишгари Тоҷикистон иштирок менамоянд
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагиро ба бозӣ ба муқобили дастаи яккачини Филиппин оғоз мекунад
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Хоруғ мусобиқаи гӯштини миллӣ доир мегардад
Дар «Tbilisi Grand Slam- 2026» оид ба гӯштини ҷудо аз Тоҷикистон ҳафт варзишгар иштирок менамояд
Дар Данғара бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Дастаи мунтахаби то 16-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар чемпионати CAFA-2026 иштирок мекунад
Дар Душанбе қуръакашии тақвими Лигаи якуми Тоҷикистон-2026 оид ба футбол баргузор шуд
Варзишгари тоҷик дар Мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми қавитанҳо» соҳиби медали тилло гардид
ФУТБОЛ. Наврӯз Воҳидов ва Фаридун Маҳмадиев аз ҳаққи доварӣ маҳрум карда шуданд
Варзишгари тоҷик Махсатулло Муъминов дар мусобиқаи байналмилалии каратэ-до дар Русия соҳиби медали тилло гардид
Дар Душанбе бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад