Муассисаҳои таҳсилоти олии Тоҷикистон бо Коллеҷи донишгоҳии Лондон ҳамкориро оғоз намуданд
ДУШАНБЕ, 04.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи иштирок дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ (WTM — 2025) Ректори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон Убайдулло Асрорзода ва роҳбарони як қатор муассисаҳои таҳсилоти олии Тоҷикистон бо роҳбарияти Коллеҷи донишгоҳии Лондон (UCL) мулоқот карда, масъалаҳои марбут ба роҳандозии ҳамкории дарозмуддат ва мутақобилан судманди байнимуассисавиро баррасӣ намуданд.
Ба АМИТ «Ховар» аз Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон иттилоъ доданд, ки дар мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои шарикии сатҳи баланд, аз ҷумла таъсиси барномаҳои таҳсилотии муштарак, ҷалби омӯзгорону муҳаққиқон ба лоиҳаҳои муштараки илмию инноватсионӣ, табодули таҷрибаи пешрафта дар такмили низоми идоракунии академӣ, роҳандозии табодули академии донишҷӯён ва ҳайати илмию омӯзгориро мавриди баррасии ҳамаҷониба қарор доданд.
Коллеҷи донишгоҳии Лондон бо таърихи беш аз 200-сола, дар радифи муассисаҳои пешрафтаи байналмилалӣ аз маъруфтарин муассисаҳои Британияи Кабир мебошад. Мулоқот ҳамчун оғози марҳилаи нави ҳамкории шарикӣ дар асоси шартномаи ҳамкорӣ арзёбӣ гардида, ба таҳкими мавқеи донишгоҳ дар фазои академии байналмилалӣ мусоидат менамояд.
АКС: Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон








Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ҷашни Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ду озмоишгоҳи муосир ба истифода дода шуд
Дар Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе ҷашни Наврӯз бо риояи расму ойини миллӣ таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд озмуни «Беҳтарин эҷодкори достонҳои «Шоҳнома»» ҷамъбаст гардид
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба ҳифз, эҳё ва рушди забони миллӣ машварати омӯзишӣ доир шуд
Қабули довталабон барои таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Мардумии Чин оғоз гардид
Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон даври муассисавии Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» доир шуд
«БАҲОРИ МАЪРИФАТ: МОДАР, ҚАЛАМ ВА НАВРӮЗ».Таҳти ин унвон дар Душанбе ҳамоиши идона доир шуд
Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон оид ба таҳсилоти муҳандисӣ ва технологияҳои рақамӣ конфронс баргузор шуд
Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бо панҷ муассисаи таҳсилоти олии Узбекистон созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонид
Байни Донишгоҳи давлатии Бохтар ва се донишгоҳи Узбекистон созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






