Муколамаи навбатии занони Осиёи Марказӣ дар Узбекистон баргузор мегардад
ДУШАНБЕ, 25.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. Раёсати Муколамаи занони Осиёи Марказӣ барои соли 2026 ба Ҷумҳурии Узбекистон вогузор шуд. Дар ин хусус имрӯз зимни баргузории ҷаласаи хотимавии Муколамаи занони Осиёи Марказӣ, ки дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, иттилоъ дода шуд.
Ёдовар мешавем, ки соли равон Тоҷикистон раёсати Муколамаи занони Осиёи Марказиро ба зимма дошт. Дар доираи он имрӯз бо иштироки аъзои ин муколама таҳти унвони «Занон, сулҳ ва амният» форум доир гардид.
Дар форум иштирокчиён масъалаҳои таҳкими сулҳ ва амният дар Осиёи Марказиро тавассути роҳбарии занон, ҳамкории муштараки занони сулҳофар ва ҷавонон оид ба ваҳдати наслҳо, сулҳу устуворӣ ва амният, ташаббусҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ дар соҳаи маориф, омӯзиши касбӣ ва тавсеаи имконияти иқтисодии занони паноҳҷӯро баррасӣ намуданд.
Муколамаи занони Осиёи Марказӣ, ки таҳти раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ҷойгоҳи калидӣ барои баррасии масъалаҳои муҳими рӯз ва пешниҳоди ташаббусҳои наве гардид, ки ба пешбурди роҳбарии занон дар Осиёи Марказӣ нигаронида шудаанд.
АКС: Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Данғара нақшаи ҷамъоварии пахта 100 фоиз иҷро гардид






