Муовини якуми Раиси ҲХДТ бо муовини раиси Фраксияи ҳизби «Единая Россия» дар Думаи давлатӣ вохӯрӣ намуд

Ноябрь 12, 2025 13:00

ДУШАНБЕ, 12.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. Муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Маликшо Неъматзода дар Маҷлиси федеролии Думаи давлатии Федератсияи Русия дар шаҳри Москва бо муовини раиси Фраксияи ҳизби «Единая Россия» дар Думаи давлатӣ Евгений Ревенко вохӯрӣ намуд. Дар ин хусус мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад.

Дар вохӯрӣ оид ба ҳамкории мутақобили судманди дуҷониба ва шарикии стратегии ду давлати дӯст — Тоҷикистону Русия изҳори қаноатмандӣ  карда шуд.

Ҷонибҳо ҳамзамон ҳамкории байниҳизбӣ байни Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Ҳизби «Единая Россия»-ро мавриди баррасӣ қарор дода, барои таҳкими он изҳори ҳавасмандӣ намуданд.

Дар мулоқот вакили Фраксияи «Единая Россия»Юрий Швиткин ва ҳамоҳангсози гурӯҳи вакилони Думаи давлатӣ оид ба робита бо Парлумони Ҷумҳурии Тоҷикистон, Марат Нуриев, аъзои фраксияи «Единая Россия» Татяна Василева ва Роҳбари Қабулгоҳи ҷамъиятии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Русия Саидбек Мирзомуддинов иштирок доштанд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Ноябрь 12, 2025 13:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дипломатияи обии Тоҷикистон: афзалияти миллӣ, ҳамкории минтақавӣ ва аҳаммияти ҷаҳонӣ
Дар Женева Конфронси байналмилалии илмӣ бахшида ба мероси илмии Абуалӣ ибни Сино баргузор гардид
Ҳамкории Тоҷикистону ИМА дар самтҳои мубориза бар зидди терроризму ифротгароӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар брифинг доир ба раванди омодагӣ ба «Саммити ҷаҳонии ҳукуматҳо-2027» дар Дубай иштирок намуд
COP31. Ҳайати Тоҷикистон дар ифтитоҳи Павилиони «Об барои иқлим» иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири тиҷорат, саноат ва пешбурди сармоягузории Умон мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистону Кувайт дар бахши сармоягузорӣ баррасӣ гардид
Намояндаи Тоҷикистон дар ҷаласаи UNECE доир ба иқтисоди даврӣ иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо устондори Муборак Ал-Кабири Кувайт вохӯрӣ намуд
Ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим дар Донишкадаи таҳсилоти обии Делфт муаррифӣ гардиданд
Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Конститутсия ва Парчами давлатӣ дар шаҳри Боку таҷлил карда шуд
Дар Донишгоҳи тиббии Исломобод «Рӯзи илми Сино» баргузор шуд