Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ва намояндагиҳои дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъиноти кадрӣ ба амал оварданд
ДУШАНБЕ, 14.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кадрҳоеро, ки ба вазифаҳои Вазири рушди иқтисод ва савдо ва роҳбарони намояндагиҳои дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар як қатор кишварҳои хориҷӣ таъин гардиданд, барои суҳбат ба ҳузур пазируфтанд.
Бо фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқизода Завқӣ – аз вазифаи Вазири рушди иқтисод ва савдо озод шуда, Абдураҳмонзода Абдураҳмон, ки дорои собиқаи корӣ ва таҷрибаи кофӣ дар мақомоти давлатӣ мебошад, Вазири рушди иқтисод ва савдо таъин гардид.
Ҳамчунин, бо фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сафирони Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Ҷумҳурии Фаронса, Ҷумҳурии Австрия, Ҷумҳурии Италия ва бо розигии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон консулҳои генералии кишвар дар як қатор вилоятҳо ва шаҳрҳои Федератсияи Русия аз ҳисоби кадрҳои дорои таҷрибаву собиқаи корӣ ва ҷавобгӯ ба талаботи муосир таъин гардиданд.
Зимни суҳбат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарияти нави Вазорати рушди иқтисод ва савдо доир ба беҳсозии таҳлилҳои иқтисодӣ, дарёфти роҳу василаҳои нави пешрафту тараққиёт, тезонидани раванди рақамикунонӣ ва истифодаи босамар аз имконоти зеҳни сунъӣ супоришҳои мушаххас доданд. Ба кадрҳои ба вазифаҳои роҳбарикунанда дар сохторҳои Вазорати корҳои хориҷӣ таъиншуда дастур доданд, ки зимни иҷрои вазифаҳои хизматӣ манфиати давлату миллат, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандонро дар хориҷи кишвар дар мадди аввал гузоранд. Супоришҳои дахлдор, ҳамчунин, доир ба рушди муносибатҳои гуногунҷанба бо кишварҳои номбурда, аз ҷумла дар самти ҷалби сармояи хориҷӣ, рушди равобити иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангӣ, дода шуд.









Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Дар Ҷамоати деҳоти Қаратоғ озмуни «Кадбонуи беҳтарин» баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 27 феврал, ҷумъа, 58-умин рӯзи соли 2026 аст
Дар Рашт оид ба таҳлили вазъ ва омилҳои таҳдиди коррупсия, экстремизм ва терроризм ҳамоиш доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
SIM ё eSIM: чаро муштариён кортҳои электрониро интихоб мекунанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Наврӯз-мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» баргузор мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Ҳаракати аввалин қатораи контейнерии озмоишӣ дар хатсайри «Чин – Тоҷикистон» ба самти Душанбе оғоз гардид
Дар ноҳияи Ёвон ба ифтихори Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд






