Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд ба фаъолияти корхонаи истеҳсоли маҳсулоти ширии «Комплекси агросанотии Саховат» оғози расмӣ бахшиданд
ДУШАНБЕ, 18.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. 18 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд ба фаъолияти корхонаи истеҳсоли маҳсулоти ширии Комплекси агросанотии Саховат оғози расмӣ бахшиданд.
Иттилоъ дода шуд, ки корхонаи тозабунёд дар як шабонарӯз иқтидори коркарди 10 тонна ширро дошта, 12 намуд маҳсулот истеҳсол менамояд.
Дар ин ҷо тавассути технологияи нави инноватсионӣ ва ҷалби 30 коргари маҳаллӣ маҳсулоти босифат аз шири табиӣ бо тамғаи Саховат милк истеҳсол мешавад.
Барои захираи маҳсулоти тайёр ва ба талаботи санитариву бехатарӣ ба бозори истеъмолӣ пешниҳод кардани он, дар корхона, озмоишгоҳ, сардхона, нуқтаи қабули шир, гармхона ва анбори нигоҳдории маҳсулот бо таҷҳизоти замонавӣ бунёд шудааст.
Технологияи корхона дар доираи фазои мусоиди соҳибкориву сармоягузорӣ бо арзиши 800 ҳазор сомонӣ, бе пардохти боҷи гумрукӣ аз хориҷи кишвар ворид шудааст, ки бо истифода аз он мутахассисон метавонанд маҳсулоти босифати дорои стандарти баландро истеҳсол намоянд.
Ба Сарвари давлат ҳамчунин иттилоъ доданд, ки дар оянда бо афзоиши талабот, истеҳсоли маҳсулот аз 12 то ба 60 намуд расонида мешавад.
Ёдовар мешавем, ки 30 марти соли 2025 зимни шиносоӣ бо фаъолияти фермаи парвариши чорвои зотии Комплекси агросанотии Саховат Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳибкор Ҳалимбой Каримов дастур дода буданд, ки барои қабулу коркарди шир ва таъмини талаботи аҳолӣ бо маҳсулоти ширӣ корхонаи нави саноатӣ бунёд намояд.
Соҳибкор бо истифода аз имтиёзу дастгириҳои давлатӣ корхонаро дар муҳлати 8 моҳ сохта, ба кор даровард.
Бо таъсиси корхона, саршумори чорвои ширдеҳ дар фермаи Саховат аз 100 ба 200 сар расонда шуд, ки оянда ба афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти ширӣ, таъмини талаботи аҳолӣ бо маҳсулоти босифати ватанӣ ва коҳиши воридоти он аз хориҷи кишвар мусоидат мекунад.
Дар бинои дуошёна барои кормандон, ҳамзамон, ҳуҷраҳои муосири корӣ, маҷлисгоҳ ва дигар иншооти ёрирасон бунёд гардидааст, ки ҳамаи ин барои пешбурди фаъолияти мутахасиссону коргарон пешбинӣ шудааст.
Муассиси корхона ба Сарвари давлат иловатан ваъда дод, ки дар муҳлати кӯтоҳ бо ворид намудани таҷҳизоти муосир, коргоҳи дигари саноатиро бунёд мекунад, ки дар он истеҳсоли панир ба роҳ монда мешавад.
Дар вилояти Суғд дар заминаи фазои мусоиди соҳибкориву сармоягузорӣ, фаъолияти бахши хусусӣ ҳамеша дастгирӣ меёбад.
Бо истифода аз ин шароити мусоид, давоми солҳои охир бо дастгирии Ҳукумати кишвар ва саҳми соҳибкорон дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд 18 коргоҳу корхонаи коркарди маҳсулоти ширӣ сохта, ба истифода дода шуд, ки ҳоло онҳо фаъолияти назарраси истеҳсолӣ доранд. Дар 10 моҳи соли равон бо ба кор даровардани коргоҳу корхонаҳои нав истеҳсоли маҳсулоти ширӣ дар кишвар 120 фоиз зиёд карда шуд.









35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Данғара 526 иншооти таъйиноти гуногун ба истифода дода шуд
Дар рӯзҳои ҷашни Наврӯз дар гардиши дараи Алмосӣ барои гӯсфанди зоти ҳисорӣ ва ангури тоифӣ муҷассама гузошта мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Бӯстон корхонаҳои саноатӣ бунёд мегарданд
Дар шаҳри Ҳисор минтақаи саноатӣ таъсис дода мешавад
Эмомалӣ Раҳмон ва Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо – 2025
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ ба зиёда аз 1 миллиард сомонӣ расид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар шаҳри Ҳисор ҳашт корхонаю коргоҳи истеҳсолӣ ба фаъолият оғоз намуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Сангвор 100 иншоот ба истифода дода мешавад
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб оид ба таҳкими ватандӯстӣ ва худшиносии миллӣ ҳамоиш доир шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Нақшаи чорабиниҳои 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Фирдавсӣ 77 фоиз иҷро шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар самти бунёди муассисаҳои томактабӣ дар ноҳияи Шоҳмансур чӣ тадбирҳо андешида мешаванд?
Дар Тоҷикистон истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ афзоиш ёфтааст






