Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ҷаббор Расулов ба таври фосилавӣ 6 иншооти истеҳсолию хизматрасониро ба истифода доданд
ДУШАНБЕ, 19.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. 19 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ҷаббор Расулов гимназияи хусусӣ, 4 корхонаи истеҳсолӣ ва гармхона бо ҳавзҳои моҳипарвариро ба таври фосилавӣ ба истифода доданд.
Дар корхонаҳои нав истеҳсоли 5 номгӯи маҳсулот, аз ҷумла пойафзол, собун, тухму гӯшти паранда, моҳӣ ва сабзавот ба роҳ монда шудааст. Дар маҷмуъ дар коргоҳу корхонаҳои кӯшодашуда дар ноҳияи Ҷаббор Расулов 150 ҷойи кории нав таъсис ёфтааст.
Иқтидори истеҳсолии 3 корхонаи гӯшту тухми паранда имкон медиҳад, ки дар як моҳ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов аз ҳисоби ҳамин иншооти нави истеҳсолӣ 350 ҳазор дона тухми инкубатсионӣ, 500 ҳазор сар чӯҷа ва 2000 тонна гӯшти мурғ истеҳсол карда шавад.
42 ҳавзи сунъии моҳипарварие, ки дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Хайри сафо сохта шудааст, имкон медиҳад, ки дар як сол 300 тонна моҳӣ истеҳсол гардад. Дар ин хоҷагии моҳипарварӣ вобаста ба талаботи бозори истеъмолӣ тадриҷан самти фаъолият васеъ гардида, истеҳсоли гулмоҳӣ зиёд карда мешавад.
Дар як гектар гармхонаи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Хайри сафо ҳоло парвариши сабзавот ба роҳ монда шудааст. Меҳнаткашон дар як сол то 3 ҳосил ба даст оварда, бо ин таҷрибаи намунавӣ дар ҳудуди вилояти Суғд дар таъмини фаровонии бозори истеъмолӣ бо маҳсулоти ғизоии дорои сифати баланд саҳмгузорӣ мекунанд.
Дар муассисаи таълимӣ барои 1000 хонанда дар ду баст шароит барои таълим фароҳам оварда шуда, 40 ҷойи кории нав таъсис ёфт.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо шароити фароҳамшуда ба масъулини марбутаи соҳа ва соҳибкорон барои истифодаи босамар аз дастгирию таваҷҷуҳи Хукумати кишвар нисбат ба фаъолияти намояндагони бахши хусусӣ, имтиёзҳои андозию гумрукӣ, ворид намудани технологияи муосир, ташаккули фаъолияти соҳикборӣ, васеъкунии имкониятҳои истеҳсолӣ дастуру тавсияҳо доданд.
Иншооти нави истеҳсолию хизматрасонӣ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов бо иҷрои супоришҳои Роҳбари давлат барои саҳмгузорӣ дар ободонии диёр ва афзоиши истеҳсоли маҳсулоти ивазкунандаи воридот ва ба содирот нигаронидашуда дар доираи омодагӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ аз ҷониби намояндагони бахши хусусӣ сохта шудааст.









Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди сайиди Фитр
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Ёвон иншооти ҷашнӣ ифтитоҳ гардид
Бо дастури Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми дӯсту бародари Ҷумҳурии Исломии Эрон кумаки башардӯстона ирсол гардид
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоиши «Баҳори Истиқлол» баргузор шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Восеъ сохтмони иншооти таъйиноти гуногун идома дорад
Сохтмони муҷассама дар гардиши дараи Алмосии шаҳри Ҳисор ба анҷом мерасад
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Султони Салтанати Умон Ҳайсам ибни Тариқ Оли Саид барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд
СИЁСАТИ ФАРҲАНГПАРВАРОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ – ЗАМИНАИ ГУСТАРИШИ МАЪРИФАТ ВА ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ
СОЛИ ОБОДОНИЮ БУНЁДКОРӢ. Дар Ҷамоати деҳоти Овчиқалъача биноҳои иловагии муассисаҳои маорифу тандурустӣ сохта мешаванд
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон






