Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд корхонаи коркард ва бандубасти меваи хушки ҶДММ «Донаи алмос»- ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд

Ноябрь 18, 2025 12:20

ДУШАНБЕ, 18.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. 18 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Минтақаи озоди иқтисодии Суғд корхонаи коркард ва бандубасти меваи хушки Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Донаи алмосро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Корхона дар доираи шарикии давлат бо бахши хусусӣ аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Озода Ҳазратзода дар масоҳати 4782 метри мураббаъ бунёд шудааст.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо имкониятҳои истеҳсолӣ ва хатҳои технологие, ки барои коркарди меваи тару тоза ва истеҳсоли маҳсулоти хушк истифода мешавад, шинос шуданд.

Ба Пешвои миллат иттилоъ дода шуд, ки самти фаъолияти корхонаи мазкур коркард, бастубанд ва содироти меваи хушк буда, дар он зиёда аз 20 навъи маҳсулот, аз ҷумла зардолуи хушки донакдор, писта, олуча, гулхор, чормағзи заминӣ, тут ва омехтаи як қатор меваҳои хушк омода карда мешавад.

Корхона бо дастгоҳҳои навини хориҷӣ муҷаҳҳаз буда, дорои тавоноии коркарди то 2000 тонна мева дар як сол ва бастабандии маҳсулот дар шаклҳои гуногун мебошад.

Меваи хушке, ки дар корхона коркард мешавад, мувофиқи стандартҳои байналмилалӣ омода гардида, ба  зиёда аз 30 кишвар, аз ҷумла Олмон, Русия, Чин, Беларус, Озарбойҷон, Эрон, Туркия ва Амороти Муттаҳидаи Араб содирот  карда мешавад. Мағзи зардолу аз ин ҷо ба Олмон барои истифода дар коркарди шир содир карда мешавад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастур доданд, ки истеҳсолкунандагон бояд қабл аз ҳама ба сифати коркард, бастабандии муосир ва тарғиби бренди ватанӣ диққати махсус диҳанд, то маҳсулоти ватанӣ дар бозорҳои байналмилалӣ рақобатпазир бошад.

Баробари ба фаъолият оғоз намудани корхонаи Донаи алмос 40 сокини маҳаллӣ бо кор ва маоши хуб таъмин гардид. Иттилоъ дода шуд, ки кор оянда дар 2 баст ба роҳ монда шуда, шумораи коргарон дучанд мегардад.

Маводи хом барои корхона аз хоҷагиҳои деҳқонии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ харидорӣ карда мешавад.

Таҷҳизоти насбгардида маҳсулотро бо сифати баланд ва ҷавобгӯ ба талаботи стандартҳои ҷаҳонӣ коркард ва бандубаст мекунад.

Раванди омодасозии маҳсулот дар хатти истеҳсолии корхонаи мазкур аз шустани меваи хушк оғоз гардида, ба навъҳо ҷудову коркард ва ниҳоят дар қуттиҳои махсус бастабандӣ кардани он анҷом меёбад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни  шиносоӣ бо имкониятҳои корхона ба сифати корҳои сохтмонӣ ва нақши он дар таъмини ҷойҳои нави корӣ баҳои баланд доданд.

Дар саҳни ҳавлии корхона намунаи маҳсулоти ин коргоҳи саноатӣ ва маҳсулоти кишоварзии вилоят ба намоиш гузошта шуд. Иттилоъ дода шуд, ки ҳосилнокии картошка дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ ба ҳисоби миёна ба 516 сентнер аз гектар баробар шуда, дар баъзе хоҷагиҳои деҳқонӣ то 1000 сентнер ҳосил аз як гектар ҷамъоварӣ гардидааст.

Бояд гуфт, ки соҳаи саноат дар рушди иқтисодиёти миллӣ нақши муассир дошта, таъсиси корхонаҳои нав, муҳайё кардани ҷойҳои корӣ, афзун намудани номгӯи маҳсулоти рақобатпазир ва содироти он ба некӯаҳволии мардум мусоидат хоҳад кард.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид аз намоишгоҳ роҷеъ ба таъминоти бозори истеъмолӣ бо маҳсулоти рақобатпазир ва тақвияти содироти молу маҳсулоти ватанӣ ба соҳибкорон дастуру супоришҳои муфид доданд.
Ифтитоҳи Корхонаи коркард ва бандубасти меваи хушки ҶДММ Донаи алмос дар шаҳри Хуҷанд 18.11.2025

Ноябрь 18, 2025 12:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Туркманистон
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар деҳаи Калфи Сабади ноҳияи Ёвон майдони варзишии муосир сохта мешавад
Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд беш аз 2 ҳазор километр роҳ таъмиру навсозӣ карда шуд
Бахшида ба Рӯзи геология дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон конференсияи байналмилалӣ баргузор гардид
«Равобит бо олами Ғарб: нақши Пешвои миллат ва дипломатияи тоҷик». Таҳти чунин унвон китоби нав ба нашр расид
«Захираҳои табиии Тоҷикистон дар соҳаи истихроҷи маъдан барои садсолаҳо кофӣ мебошанд», — бардошт аз форуми байналмилалӣ
Беш аз 80 фоизи Барномаи давлатии рушди соҳаи геология амалӣ гардидааст. Эҳдо ба Рӯзи геологҳои Тоҷикистон
Қоҳир Расулзода: «То соли 2030 ҳиссаи соҳаи саноат дар иқтисоди миллии Тоҷикистон то ба 30 фоиз мерасад»
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Раёсати минтақавии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар гурӯҳи ноҳияҳои водии Ҳисорро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҶДММ «Бозори Турсунзода»-ро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Турсунзода ба фаъолияти корхонаи маҳсулоти алюминии ҶДММ «Алюминийи аввалин» оғоз бахшиданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Турсунзода 6 кӯдакистони хусусиро ба таври фосилавӣ мавриди истифода қарор доданд