Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро дар ноҳияи Ҷаббор Расулов мавриди истифода қарор доданд

Ноябрь 19, 2025 14:00

ДУШАНБЕ, 19.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. 19 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба вилояти Суғд бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро  дар ноҳияи Ҷаббор Расулов мавриди истифода қарор доданд.

Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки бинои навбунёд аз се ошёна иборат буда, дорои 10 ҳуҷраи корӣ, китобхона, бойгонӣ, маҷлисгоҳ ва қабули шаҳрвандон мебошад. Дар он беҳтарин шароит барои кормандон фароҳам оварда шудааст.

Ин иншооти навбунёд дар доираи корҳои созандагӣ  ба  истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бунёд шуда, туҳфаи арзишманд барои кормандон арзёбӣ мегардад.

Корҳои сохтмонӣ дар иншооти мазкур моҳи майи соли 2024 оғоз гардида, аз ҳисоби маблағҳои Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва ҷалби аъзои фаъоли ҳизб — соҳибкорони маҳаллӣ ва шахсони саховатпеша бунёд гардидааст.

Тибқи иттилои масъулин, ба ҳолати 1 ноябри соли 2025 аъзои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов 11384 нафарро ташкил медиҳанд. Ҳоло дар ҳудуди ноҳия 73 ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ фаъолият дорад.

Қомат афрохтани бино ба маркази ноҳия ҳусни тоза зам намудааст. Атрофи иншоот бо гулу дарахтони сояафкан оро дода шуда, тамоми роҳраву гузаргоҳҳо сафолакпӯш гардидаанд.

Ҳамзамон, дар арафаи  31 солагии таъсисёбии ҲХДТ ба сохторҳои маҳалии ҲХДТ дар 18 шаҳру ноҳияҳои кишвар мошинҳои хизматӣ тақдим карда шуд.
Ба истифода додани бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷаббор Расулов 19.11.2025

Ноябрь 19, 2025 14:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди сайиди Фитр
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Ёвон иншооти ҷашнӣ ифтитоҳ гардид
Бо дастури Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми дӯсту бародари Ҷумҳурии Исломии Эрон кумаки башардӯстона ирсол гардид
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоиши «Баҳори Истиқлол» баргузор шуд
Сохтмони муҷассама дар гардиши дараи Алмосии шаҳри Ҳисор ба анҷом мерасад
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Султони Салтанати Умон Ҳайсам ибни Тариқ Оли Саид барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд
СИЁСАТИ ФАРҲАНГПАРВАРОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ – ЗАМИНАИ ГУСТАРИШИ МАЪРИФАТ ВА ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ
СОЛИ ОБОДОНИЮ БУНЁДКОРӢ. Дар Ҷамоати деҳоти Овчиқалъача биноҳои иловагии муассисаҳои маорифу тандурустӣ сохта мешаванд
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Бӯстон бинои меҳмонхонаи «Хуҷанд» пурра таҷдиду навсозӣ мегардад