Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд бинои нави маъмурии Минтақаи озоди иқтисодии Суғдро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
ДУШАНБЕ, 18.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. 18 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд бинои нави маъмурии Минтақаи озоди иқтисодии Суғдро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Иншоот туҳфаи арзанда ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ба кормандони минтақаи озоди иқтисодии Суғд, соҳибкорон ва сокинони вилоят ба ҳисоб меравад.
Бинои маъмурӣ аз ҳисоби маблағҳои ҷумҳуриявӣ дар масоҳати умумии 10 ҳазору 100 метри мураббаъ сохта шуда, дар рафти корҳои бунёдӣ 100 бинокори маҳаллӣ бо кор ва маоши хуб таъмин гардид.
Маъмурият аз се ошёна ва таҳхона иборат буда, дар қабати якум шуъбаҳои хизматрасонӣ ба шаҳрвандон ҷойгир аст. Ошёнаҳои болоӣ дорои толори маҷлис, ҳуҷраҳои роҳбарият ва ёрирасон буда, бо таҷҳизоти насли нав муҷаҳҳаз гардонида шудааст.
Дар бино толори алоҳидаи хизматрасонӣ мавҷуд аст, ки дар он соҳибкорон бо истифода аз шабакаи интернет аз хизматрасониҳои алоҳидаи саноатӣ истифода мебаранд, аз ҷумла, дархости хизматрасонии худро тариқи электронӣ пешниҳод менамоянд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз фароҳам гардидани имкониятҳои муосир дар минтақаи озоди иқтисодии вилояти Суғд изҳори қаноатмандӣ карда, масъулинро ба истеҳсоли маҳсулоти босифат ва содироти он ба хориҷи кишвар роҳнамои намуданд.
Дар навбати худ кормандони минтақаи озоди иқтисодӣ аз дастгириҳои пайвастаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷумла, фароҳам овардани беҳтарин шароити корӣ дар бинои нави маъмурият изҳори сипос намуда, Сарвари давлатро бовар кунонданд, ки дар ҷавоб ба ин дастгириҳо, хубтару беҳтар фаъолият мекунанд ва тамоми донишу таҷрибаи худро ба ворид кардани таҷҳизоти замони навин истеҳсоли маҳсулоти хушсифат ва дар сатҳи баланду муосир анҷом додани хизматрасонӣ ба шаҳрвандону соҳибкорон равона менамоянд.
Саҳни бино пурра сабзкорӣ гардида, дар он фаввора ва нишастгоҳҳои замонавӣ бунёд ёфтааст. Ҳамчунин, барои нақлиёти хизматӣ таваққуфгоҳ ва иншооти дигари ёрирасон сохта шудааст.
Дар саҳни бино намунаи маҳсулоти 48 корхонаи Минтақаи озоди иқтисодии Суғд ба намоиш гузошта шуд.
Таҷҳизот ва маснуоти гуногун, ки дар корхонаҳои истеҳсолии ҳудуди Минтақаи озоди иқтисодӣ коркард ва тавлид мегарданд, бо тамғаи истеҳсоли Тоҷикистон (Made in Tajikistan) ба бозорҳои дохилӣ ва хориҷӣ пешниҳод мешаванд.
Ин иқдом дар кори шиносоӣ ва муаррифии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷи кишвар нақши арзанда мегузорад.









35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон беш аз 20 майдонча ва толори варзишӣ сохта шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Саммити зеҳни сунъӣ дар Деҳлии Нав иштирок менамояд
Маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Гулистон корҳои созандагию ободкорӣ вусъат меёбанд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳраки Адрасмон корҳои созандагиву ободонӣ вусъат меёбанд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров корхонаҳои нави саноатӣ бунёд мегарданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров муассисаҳои таълимӣ сохта мешаванд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар деҳаи Пандовчии ноҳияи Нуробод толори варзишӣ бунёд карда мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Шаҳристон бинои нави Маркази таъминоти бехатарии озуқаворӣ сохта мешавад
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди Қасри бостонии Ҳулбук корҳои ободкорию сабзгардонӣ идома доранд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Гулистон корхонаи истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ бунёд мегардад






