Шаҳри Душанбе бо ба даст овардани 86 ҷой ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» гардид
ДУШАНБЕ, 01.11.2025. /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ додем, имрӯз дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ маросими ҷамъбастӣ ва ҷоизасупории Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» баргузор гардид.
Тавре мухбири АМИТ «Ховар» аз ҷараёни баргузории ин чорабинӣ иттилоъ дод, Раиси комиссияи озмун, муовини Сарвазири мамлакат Дилрабо Мансурӣ зимни сухани ифтитоҳӣ иштирокчиёнро бо анҷоми бомуваффақияти Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат», ки бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ гардидааст, табрик намуд.
Таъкид гардид, ки ин иқдоми арзандаи Пешвои миллат ба мактаби воқеии ҳавасмандгардонии ҷавонон ба омӯзиш, ҷустуҷӯ, эҷод ва таҳқиқи илмҳои дақиқ табдил ёфтааст.
Гуфта шуд, ки озмуни мазкур бо мақсади рушди тафаккури техникӣ, тарғиби ҷаҳонбинии илмӣ, дастрасӣ пайдо кардан ба техникаву технология, тавсеаи ихтироъкорӣ ва навоварӣ, пайвасти илм бо истеҳсолот, ҷалби бештари хонандагону донишҷӯён ва дигар қишрҳои ҷомеа ба омӯзиши фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ, ҳамчунин дарёфт ва муаррифии истеъдодҳои нав дар ин самтҳо баргузор мегардад.
Тибқи маълумоти оморӣ, дар даври сеюми озмун 4852 нафар довталаб иштирок намуданд, ки аз онҳо 667 нафар, аз ҷумла 227 хонандаи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, 216 хонандаи муассисаҳои типи нав, 183 донишҷӯ ва 41 намояндаи касбу кори гуногун ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифтанд. Аз ин шумора, дар даври ҷумҳуриявии озмун дар умум 156 нафар ғолиб дониста шуда, аз ин шумора 26 нафар соҳиби ҷойи якум, 52 нафар ҷойи дуюм ва 78 нафар ҷойи сеюм гардиданд.
Мувофиқ натиҷаҳои озмун, ба 139 нафар волидайни ғолибон нишони «Маърифатпарвар», ба 51 омӯзгор нишони «Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон» ва ба 36 нафар «Ифтихорнома»-и Вазорати маориф ва илм супорида шуд.
Дар натиҷаи ҷамъбасти умумӣ, шаҳри Душанбе бо ба даст овардани 86 ҷой (19 ҷойи якум, 25 ҷойи дуюм ва 42 ҷойи сеюм) ҷойи аввалро ишғол намуд. Вилояти Суғд бо 35 ҷой (3 ҷойи якум, 16 ҷойи дуюм ва 16 ҷойи сеюм) дар ҷойи дуюм, вилояти Хатлон бо 20 ҷой (3 ҷойи якум, 6 ҷойи дуюм ва 11 ҷойи сеюм) дар ҷойи сеюм қарор гирифт. Шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ бо 11 ҷой (1 ҷойи якум, 3 ҷойи дуюм ва 7 ҷойи сеюм) дар ҷойи чорум ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо 4 ҷой (2 ҷойи дуюм ва 2 ҷойи сеюм) дар ҷойи панҷум ҷойгир шуданд.
Даври ниҳоии озмун нишон дод, ки баргузории чунин чорабиниҳо ба таҳкими иқтидори зеҳнӣ дар байни наврасону ҷавонон, ҳавасмандсозии омӯзгорон ва волидон, боло бурдани мақому нуфузи илму дониш дар ҷомеа ва дарёфти ҷавонони боистеъдод мусоидат мекунад.
Озмун ба ташаккули ҷомеаи донишбунёд ва густариши фарҳанги илмомӯзӣ такони ҷиддӣ бахшид.
Дар маросими ҷамъбастӣ ба ғолибони озмун дар номинатсияҳои гуногун ҷойҳои якум, дуюм, сеюм супорида шуда, онҳо бо дипломҳо, ифтихорномаҳо ва туҳфаҳои хотиравии Кумитаи тадорукот қадрдонӣ гардиданд.
Ёдовар мешавем, ки даври ниҳоии озмун аз 21 то 25 октябри соли 2025 дар шаҳри Душанбе баргузор гардида, ҳадафи он рушди тафаккури зеҳнӣ, баланд бардоштани сатҳи саводнокӣ, ташвиқи ҷавонон ба таҳқиқу омӯзиши илм ва тақвияти нерӯи зеҳнии насли наврас мебошад.
Зарангез ЛАТИФЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС: Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ҷашни Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ду озмоишгоҳи муосир ба истифода дода шуд
Дар Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе ҷашни Наврӯз бо риояи расму ойини миллӣ таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд озмуни «Беҳтарин эҷодкори достонҳои «Шоҳнома»» ҷамъбаст гардид
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба ҳифз, эҳё ва рушди забони миллӣ машварати омӯзишӣ доир шуд
Қабули довталабон барои таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Мардумии Чин оғоз гардид
Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон даври муассисавии Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» доир шуд
«БАҲОРИ МАЪРИФАТ: МОДАР, ҚАЛАМ ВА НАВРӮЗ».Таҳти ин унвон дар Душанбе ҳамоиши идона доир шуд
Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон оид ба таҳсилоти муҳандисӣ ва технологияҳои рақамӣ конфронс баргузор шуд
Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бо панҷ муассисаи таҳсилоти олии Узбекистон созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонид
Байни Донишгоҳи давлатии Бохтар ва се донишгоҳи Узбекистон созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






