Сироҷиддин Муҳриддин бо Одрӣ Азуле масъалаҳои густариши ҳамкории Тоҷикистон ва ЮНЕСКО-ро баррасӣ намуданд
ДУШАНБЕ, 01.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. 31 октябр дар ҳошияи иштирок дар иҷлосияи 43-уми Конфронси генералии ЮНЕСКО, мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Комиссияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои ЮНЕСКО Сироҷиддин Муҳриддин бо Дабири кулли ЮНЕСКО Одрӣ Азуле доир гардид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, зимни мулоқот ҷонибҳо дурнамои тавсеаи ҳамкориро дар соҳаҳои афзалиятнок, аз ҷумла илму маориф, ҳифзи мероси фарҳангӣ, илмҳои табиӣ ва масъалаҳои об мавриди баррасӣ қарор доданд.
Таъкид гардид, ки Тоҷикистон ба тавсеаи минбаъдаи ҳамкорӣ бо ЮНЕСКО аҳамияти хосса дода, омода аст барои пешбурди ташаббусҳои муштарак дар сатҳи минтақавию ҷаҳонӣ саҳми фаъол гузорад.
Ҳамзамон, бо дарназардошти ба итмом расидани ваколати фаъолияти хонум Одрӣ Азуле ҳамчун Дабири кулли ЮНЕСКО, миннатдории ҷониби Тоҷикистон барои гузоштани саҳми арзанда ба рушди ҳамкорӣ бо ЮНЕСКО иброз гардид.
АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Сафири Тоҷикистон бо муовини Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау мулоқот намуд
Рушди ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд
Даври 4-уми Шарҳи универсалии даврии Тоҷикистон дар Женева баргузор шуд
Дар Женева доир ба дастовардҳои Тоҷикистон дар 35 соли истиқлоли давлатӣ ва таҳкими ҳифзи ҳуқуқи инсон чорабинии сатҳи баланд доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Австрия бо Президенти Бунёди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон бо раиси Шурои мудирони Ширкати лоиҳаҳои гардишгарии Кувайт мулоқот намуд
Дар Москва Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Ветнам баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири давлатии Кувайт дар умури ҷавонон ва варзиш мулоқот кард






