СУЛҲ БАРОИ ИМРӮЗ, БАРОИ ФАРДО, БАРОИ КУЛЛИ БАШАРИЯТ. Андешаҳои Фаррух Шарифзода оид ба Қатъномаи СММ
ДУШАНБЕ, 25.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар ҳошияи Қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид «Даҳсолаи таҳкими сулҳ барои насли оянда», ки бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, аз ҷониби Маҷмаи Умумӣ пазируфта шудааст, ба унвони АМИТ «Ховар» мақолаи муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фаррух Шарифзода таҳти унвони «Сулҳ барои имрӯз, барои фардо, барои кулли башарият» ворид гардид, ки пешкаши хонандагон мегардад.
-Дунёи муосир он қадар гирудор ва мушкилоте дорад, ки дар ягон марҳалаи дигари рушду таҳаввулаш надошт. Давраҳое гузашт, ки мубориза барои мутеъ кардани халқҳо ва истилои қаламравҳо ва аз ин роҳ бунёд кардани империяҳои абарқудрат асоси сиёсати бархе кишварҳои ҷаҳон буд. Баъдан муборизаҳои миллию озодихоҳии мардумони таҳти асорат занҷири ин навъи бардагиро шикаст. Таҳаввулоти азиме дар тағйир додани шакли идораи давлатҳо ба вуҷуд омад, то ҷойе имкон дошт, шумораи ҷумҳуриҳои демократӣ афзоиш ёфт.
Баъди Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ тартиботе ҷорӣ шуд, ки як навъ мувозинати абарқудратҳои ҷаҳониро нигоҳ медошт ва нақши созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳидро устувор намуд: қариб 60-70 сол муносибот байни халқҳову давлатҳо аз рӯйи қонунҳои байналмилалӣ дар ҳама соҳаҳо танзим мешуданд, марзҳои байни кишварҳо халалдор намегардиданд. Албатта, дар ин муддат низоъҳо ва муноқишаҳои хурд ва ё ҷузъӣ истисно набуданд, аммо барои кулли сайёра чандон хатарзо ба шумор намерафтанд.
Муҳаққиқи масъалаҳои сиёсӣ Нуҳи Ҳарорӣ дар китобаш “Таърихи мухтасари оянда” нигоштааст, ки муҳимтарин проблемаҳое, ки ба замони нав, ба садаи XXI кӯч бастанд, инҳоянд: ҷанг, гуруснагӣ ва бемориҳои сироятӣ [7, с. 8].
Бархе аз ин мушкилоти аср, ба мисли масъалаҳои гуруснагию бемориҳои сироятӣ тавассути ривоҷу равнақи илм ва технологияҳои пешрафтаи муосир бо кумаку ҳамдастии ҳам кишварҳои алоҳида ва ҳам лоиҳаҳое, ки тавассути созмонҳои байналмилалии соҳаҳои тандурустиву назофатӣ, ҳифзи занон ва кӯдакон, аз қабили Созмони ҷаҳонии тандурустӣ, Созмони маҳсулоти кишоварзӣ ва озуқа, Барномаи ҷаҳонии ғизо, Хазинаи байналмилалии рушди кишоварзӣ, Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид ва ғайра дар ҷаҳон нисбатан ҳал шудаанд. Ҳарчанд дар масъалаи рафъи гуруснагӣ мушкилот то кунун боқӣ мемонад, масалан, тибқи маърузаи Созмони ҷаҳонии тандурустӣ “Вазъияти корҳо дар соҳаи амнияти озуқа дар ҷаҳон”, соли 2024 8,2 % аҳолии ҷаҳон ё 673 миллион кас бо гуруснагӣ даст ба гиребон буданд. Дар қитъаи Африқо (20 % аҳолӣ) ва Осиёи Ғарбӣ (12,7 % мардум) аз гуруснагӣ то кунун азият мекашанд [3].
Аммо дар масъалаи пешгирии ҷангҳо башарият то ҳол дар бунбаст қарор дорад. То нимаи асри XX қонуни нонавиштаи ҷангал амал мекард: агар ду кишвар дар ҳоли сулҳу созиш зиндагӣ мекарданд, имконияти сар задани ҷанг аз эътибор соқит намешуд. Масалан, соли 1913 Олмону Фаронса байни ҳам дар набард набуданд, аммо сиёсатмадорон хуб мефаҳмиданд, ки соли 1914 байни онҳо ҷанг ногузир хоҳад шуд.
Дар нимаи дуюми садаи бистум ин қонун аз байн рафт ва шумори ҷангҳо коҳиш ёфт, ба вуҷуд омадани силоҳи ҳастаӣ абарқудратҳоро ба андешаи ҳамзистии осоишта ва дарёфти воситаҳои ҳалли мусолиҳатомези масъалаҳои мубрам водор кард. Аммо мавҷудияти силоҳи ҳастаӣ навъҳои нави ҷангҳоро ба вуҷуд овард: рушди бесобиқаи технологияҳои нав силоҳи кибериро ба майдони мубориза овард ва терроризму ифротгароӣ дар аксар минтақаҳои ҷаҳон реша давонд.
Бо вуҷуди саъю талоши башарияти тараққихоҳи ҳама кунҷу канори олам, баргузории музокироту ҳамоишҳои судманд дар мавриди аз байн бурдани низоъҳо ва муноқишаҳое, ки оқибат дунёро ба набарди саросарӣ хоҳанд кашид, ҳам дар қитъаи Аврупо ва ҳам Шарқи Наздик то кунун оташи ҷанг фурӯзон аст.
Агарчи инсоният аз бомдоди таърих орзуи ҳамзистии осуда байни қавму миллат ва кишварҳоро дошт, вале бо вуҷуди ин тавъам бо ин ормони ҷовидонааш аз ногузир будани ҷанг ҳамеша андеша мекард. Масалан, дар “Ҷумҳур” ном рисолаи Афлотун, ки ба асри V қабл аз милод рост меояд ва дар он давлати ормонӣ тавсиф мешавад, аз мавҷудияти гурӯҳи размандагони ҳимоятгар сухан рафтааст. Сарчашмаи сар задани ҷангҳоро Афлотун дар “вайрон шудани руҳ”-и одамӣ мебинад, ки натиҷаи ҷоҳталабист ва Афлотун онро бо вожаи “полемос” (халал ёфтани руҳ) ифода кардааст.
Маҳз хоҳишҳои беҳадду ҳудуди иддае аз ҷомеа барои ба даст овардани сарватҳои муфт боиси ҷангҳо мегарданд. “Вақте ки ҷанг ҷараён мегирад, ҳам ҳаёти хусусӣ ва ҳам зиндагии ҷомеа зери хатар хоҳад монд…” [4, с. 108].
Аҷиб аст, ки дар фалсафаи замони нав назари муҳаққиқону олимон ба масъалаи ҷанг мухталиф аст. Фаразан, Мишел Фуко дар яке аз мусоҳибаҳояш “сиёсатро ҳамчун идомаи ҷанг, аммо бо воситаҳои дигар” шарҳ додааст [6, с. 150].
Н.Г. Чернишевский ба суоли “оё ҷанг метавонад харобиовар бошад ва ё манфиатбахш?” посух дода, ки “донистан лозим, ки сухан дар бораи чӣ навъи ҷанг меравад: фаҳмидани вазъият, вақт ва макони ҷанг муҳим аст” [8, с. 669].
Файласуф В.С. Соловёв тезиси “мавҷудияти ҷанги хуб ва сулҳи бад”-ро ба миён гузоштааст. Хушбахтона, шумори чунин файласуфоне, ки зарурати ҷангро ёдрас мекарданд, нисбат ба онҳое, ки хатари онро пешгӯйӣ менамуданд, хеле кам аст [5].
Вақтҳои охир идеяи ба даст овардани сулҳ ба воситаи зӯроварӣ, яъне ҷанг низ дар долону даҳлезҳои ҳам сиёсатмадорон ва ҳам ходимони ҷамъиятиву фарҳангӣ (махсусан дар заминаи муноқишаҳои имрӯзаи ҷаҳон) садо медиҳанд ва низ ҳастанд санадҳое, ки моҳиятан маънои духӯра доранд. Масалан, дар қатъномаи № 688-и Созмони Милали Муттаҳид (аз моҳи апрели соли 1991) ба “мудохила”-и (интервенсияи) кишварҳо ҳангоми “хатар ба амнияти байналмилалӣ” ишора шудааст, ки тартиби мушаххаси фаҳму дарк надорад.
Чун ба таърих бингарем, ҳама истилогарони номдор, шуруъ аз Искандари Мақдунӣ сабаби ҷангҳояшонро ба даст овардани “адолат” ва сулҳи “абадӣ” унвон кардаанд… Ин қисмати баррасиҳоро бо сухани ҳикматдори яке аз донишмандони амрикоӣ Жан Нортон Крю, ки худаш бевосита иштирокчии ҷанги якуми ҷаҳон буд, хотима медиҳем. “Агар ҷомеа хирадманд бошад, бояд чунин натиҷагирӣ кунад: ҷанг бемории башарият аст, яке аз маризиҳоест мисли вабо, ки худро аз он эҳтиёт кардан имконпазир аст. Мумкин аст, ки дар тамоми кураи Замин он нест карда шавад, агар ҳама талаботи беҳдоштӣ риоят шаванд. Чӣ гуна метавон ин тадбирҳоро андешид, чӣ навъ имтиҳон ва татбиқ кард? Албатта, дар шинохти беморӣ, дар тарзи густариш ёфтан ва нобуд карданаш ҳангоми сар задан…” [1, с. 143].
Гуфтем, ки орзуи башарият аз қадим то кунун зиндагӣ дар ҳоли набудани ҷангҳост. Аммо то ҳоло ин орзу ҷомаи амал намепӯшад ва таърихи башар ба ин гувоҳ аст. Ҳалли муноқишаҳо бо назардошти манфиати ҳама гурӯҳҳо ва табақаҳои машғул ба низоъ ва ба раҳбарӣ гирифтани принсипи ғайризӯрӣ ягона усули орому осуда нигаҳ доштани вазъи ноороми ҷаҳони муосир ва асос гирифтани ҳуқуқи байналмилалӣ паҳлуи дигари ин принсип аст.
Оинномаи Созмони Милали Муттаҳид, ки 26 июни соли 1945 дар Сан-Франсиско қабул шуд, сулҳро арзиши олӣ эътироф кард. Мувофиқи моддаи 1-уми оинномаи мазкур нигаҳ доштани сулҳу амнияти байналмилалӣ ҳадафи асосии Созмони Милал аст. Ҳамчунин Эъломия дар бораи тарбияи халқҳо дар руҳияи сулҳ (аз 15 декабри соли 1978) муқаррар кардааст, ки сулҳ олитарин арзиш ба шумор меравад. Аз муҳтавои ин санад бармеояд, ки сулҳи байни халқҳо аз ҷониби ҳама ҷунбишҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ ва динӣ бояд дастгирӣ ёбад. Фазои сулҳ, боварӣ ва фаҳму дарки ҳамдигарӣ заминаи ҳама муносибатҳо бояд бошад. Ба ин мазмун даҳҳо санадҳое дар миқёси байналмилалӣ қабул шудаанд, ки на танҳо хислати умумӣ доранд, балки масъалаю муаммоҳои мушаххаси сулҳро баррасӣ мекунанд, аз қабили Эъломияи Гаага дар бораи ҳалли мусолиҳатомези низоъҳои байналмилалӣ (1907), Эъломияи Созмони Милали Муттаҳид роҷеъ ба ҳуқуқи халқҳо ба сулҳ (1984), Эъломияи байналмилалӣ дар бораи мубориза бо терроризми ҳастаӣ (2005) ва ғайра.
Агарчи Иммануил Кант дар садаи XIX зиста бошад ҳам, пешгӯйии фавқулода муҳимми ӯ то замони мо аҳаммияташро гум накардааст. Тибқи фармудаи ӯ, “башарият ду роҳ барои оянда дорад, яке доир ба сулҳи ҷовидонӣ шартнома бастан ва дигаре хуфтан дар қабристони бузурге, ки баъди ҷанги охирин пайдо хоҳад шуд”. Ин файласуф сабаби рӯй додани ҷангҳоро дар вайронии аввалияи табиати инсонҳо медид, аммо бо вуҷуди ин, идеяи созишномаи байналмилалиро ягона роҳи ҳалли низоъҳо дар саросари олам мешумурд. Яъне тавассути дипломатия ва санадҳои дипломатӣ ҳал кардани масъалаи ҷангу сулҳро маҳз Кант ба миён гузоштааст [2, с. 188].
Андешаи наздик ба мавқеи Кантро олими маъруф Эйнштейн низ баён кардааст: “Сулҳро бо зӯрӣ наметавон нигаҳ дошт. Онро танҳо бо роҳи дуруст фаҳмидану ба даст овардан мумкин аст”.
Дар низоми илмҳои гуманитарӣ, бавижа равоншиносӣ ақидае ҳаст, ки аз ҷониби пайравони дигар илмҳо низ гарм истиқбол мешавад. Қобилияти фаҳмидану дарк кардани арзиши сулҳ ва зиндагии осоишта маҳз дар он халқу миллатҳое бештар аст, ки дар фарҳангу тамаддунашон ин чиз табиатан реша дорад.
Мардуми шарифи тоҷик аз ҳамин қабил миллатҳоест, ки шуруъ аз китоби Авесто, ки нахустин ёдгории фарҳанг, ахлоқ ва дину ойини тоҷикон ба шумор меравад, ҳамеша хостори сулҳ ва ростӣ дар муносибат бо дигарон будааст ва сулҳу ҳамкорӣ ҳамчун ду сутуни ин куҳантарин таълимоти башардӯстона арзиш доштааст. Ин ки мардуми мо таърихан, аз нигоҳи хулқу атвору равиши андеша ва тарзи зист доимо сулҳро аз ҷанг бартарӣ медод, ба ҷаҳониён маълум аст. Ҳамчунин таърих гувоҳ аст, ки дар ҳеч давру замон тоҷик ба болои кишвари дигаре лашкар накашидааст.
Неруи нарм ё беҳтарин василаи таъсири ин мардум дар муносибатҳо бо ҳамсоягони дуру наздик — пиндори нек, гуфтори нек ва кирдори нек якҷо бо адабиёту фарҳанги асили ҳаётдӯстонааш будааст. То кунун ин навъи таъсир ва дипломатия ривоҷ дорад ва як намунаи беназири он тавассути суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мубоҳисаҳои 80-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар моҳи сентябри соли 2025 таҷассум ёфт.
Пазируфта шудани қатъномаи пешниҳодкардаи Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо унвони “Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири насли оянда”, ки бешубҳа, на санади эъломиявӣ, балки дорои хислати стратегӣ ва ахлоқию маънавист, на фақат эътибори дипломатияи тоҷик дар сатҳи байналмилалӣ, балки ба кулли башарияти ҷаҳон бори дигар собит намудани табиати таърихан шаклгирифтаи сулҳхоҳонаи мардуми мост, ки дар тамаддуни он ҳазорсолаҳо боз замина дорад.
Дар суханронии Сарвари давлати Тоҷикистон таъкид мешавад, ки ҷаҳон хоҳони сулҳ аст, ҳамон навъи сулҳе, ки ояндаи боэътимодро барои наслҳои оянда фароҳам оварад. Эҷоди боварию эътимод байни ақвому милали мухталиф, иқдоми созанда барои ҳифзи низоми ҷаҳонӣ дар асоси қонунҳо ва асноди қабулшудаи байналмилалӣ, роҳи ҳал набудани посухи ҳарбӣ ба масъалаҳои печидаи сиёсӣ, ҷанг ҳамчун монеаи асосии тараққӣ накардани кишварҳои рӯ ба рушди устувор муҳтавои асосии суханронии Президенти Тоҷикистонро аз минбари баланди Созмони Милали Муттаҳид ташкил додаанд.
Дар нахустин ҷумлаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оқибатҳои манфии дарозмуддат доштани баъзе зуҳуроти ҷаҳони муосир номбар шудаанд: “Равандҳои пуртазоди геосиёсӣ, мусаллаҳшавии бошитоб, шиддат гирифтани “ҷанги сард”, низоъҳои мусаллаҳона, пайомадҳои тағйирёбии иқлим ва дигар хатару таҳдидҳои глобалӣ, бешубҳа, оқибатҳои манфии дарозмуддат хоҳанд дошт. Дар ин замина муттаҳидсозии талошҳои муштараки ҷомеаи байналмилалӣ бо мақсади ҳифзи амнияту субот ва таъмини рушди устувор беш аз ҳар вақти дигар зарур мебошад” [9].
Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки мактаби сулҳофариашон дар ақсои олам эътироф ва мавриди истиқбол қарор гирифтааст, мафҳуми сулҳро на фақат ба маънои набудани ҷангу муноқиша, балки хеле фарохтар мефаҳманд ва ба самъи мардуми ҷаҳон мерасонанд. Пешниҳоди ин қатънома дар шароите пазируфта шуд, ки ба қавли Президенти Тоҷикистон, “миллионҳо нафар мардуми осоишта дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон ба хавфу хатарҳои амниятӣ дучор гардидаанд”.
Истиқрори сулҳ, аз назари Сарвари давлати тоҷикон, бо ҳалли масъалаҳое печ мехӯрад, ки дар ҳолати мубориза накардан бо онҳо хатарҳои аз муноқишаҳои мусаллаҳона ҳам хавфноктар рӯй медиҳанд ва зиндагии осоиштаи мардумони ҷаҳонро халалдор хоҳанд кард. Ин масъалаҳо — таҳдидҳои терроризму ифротгароӣ, тундгароӣ, киберҷиноятҳо, гардиши ғайриқонунии аслиҳа ва маводи мухаддир, инчунин дигар зуҳуроти ҷинояткории фаромарзӣ мебошанд. Афзоиши афкори исломситезӣ, инчунин истифода аз “сиёсати духӯра” дар муносибатҳои байналмилалӣ низ монеаҳои сулҳи пойдор ва равобити боэътимоди миёни мардумони олам арзёбӣ шудаанд.
Яъне, аз нигоҳи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, барои таъмини сулҳ ва таъмини ояндаи босубот танҳо қабул ва эътирофи ин ё он санади байналмилалӣ кофӣ нест, балки ба роҳ мондани чунин раванде зарур аст, ки иродаи сиёсии роҳбарони кишварҳо ва таҳлили муфассали ҳаводиси имрӯза, нигоҳи тоза ба рӯйкардҳои сиёсиву иҷтимоии ҷаҳони имрӯза ва дар асоси ҳамаи инҳо ба роҳ мондани амалҳои мушаххас ва ташаббусҳои барои сулҳи ҷаҳонӣ судмандро фаро гирад.
Барои ояндагон вогузор намудани сулҳи пойдор ҳамчун нахустшароити зиндагии шоистаи мардуми ҷаҳон ва дар ин замина ба мерос гузоштани намунаи ҳамкории мутақобили судманд байни халқҳо ва давлатҳо ва аз ҳама муҳим – имконияти идома додани муносибатҳои неку ҳасана бо назардошти манфиатҳои миллии тарафҳо – чунин аст шарҳи маънову мафҳуми ташаббуси навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва паёмашон ба ҷомеаи ҷаҳонӣ.
Аз назари Сарвари давлати тоҷикон, сулҳ раванди воқеиест, ки дар мавриди комёб шудан ба он бояд ҳифз ва таҳкиму пуштибонӣ ёбад. Нигоҳи дурбинона ба сулҳ ҳамчун арзиши олии башарият бояд меъёри муносибатҳои байналмилалӣ гардад.
Ҳамин тавр, пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистон роҷеъ ба эълони “Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда” иқдоми хеле муҳим, саривақтӣ, инсонмеҳвар ва дорои паёми амиқи умумибашарӣ буда, ба хотири боз ҳам бештар муттаҳид сохтани ҷомеаи байналмилалӣ, ҷалби саъю кӯшишҳои муштарак барои ҳифзи сулҳ, таҳкими субот ва пешгирии низоъҳо равона шудааст.
Дар радифи чандин ибтикороти дигар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ин дафъа бо қабул шудани қатъномаи “Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда” аз ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват намуданд, ки бо амалҳо ва масъулияти бузург дар таҳкими сулҳ саҳм гузоранд.
Нуктаи муҳимми дигар ҳамин аст, ки Пешвои миллати тоҷик ташаббуси сулҳро бо дигар ташаббусҳои ҷаҳонӣ, аз ҷумла дар соҳаҳои об ва иқлим ба таври ҳамгиро пешниҳод намуданд. Ин равиши ҳамоҳанг шаҳодати он аст, ки сулҳ на танҳо шарти субот, балки пояи рушди устувор ва зиндагии шоистаи башар низ мебошад.
Дар пасманзари суханронии Сарвари давлати тоҷикон аз минбари баланди Созмони Милали Муттаҳид нуктаи дигарро ҳам ба ёд гирифтан зарур аст: агар имрӯз барои таҳкими сулҳ талош накунем, таърих моро маҳкум хоҳад кард. Ҳар насл вазифадор аст, ки барои наслҳои оянда на танҳо сарзамини обод, балки мероси гаронбаҳои инсондӯстӣ, ваҳдат ва сулҳ ба ёдгор гузорад. Ва, бешак, беҳтарин мероси инсонӣ сулҳу оромии пойдор мебошад.
Бояд як сухани дигар низ гуфтаву навишта шавад, ки ин ташаббус, ки аз қалби миллати сулҳпарвари тоҷик тавассути Роҳбари дурандеш ва хирадоини пешниҳод шудааст, на танҳо манфиати Тоҷикистон, балки манфиати тамоми ҷомеаи башарро фаро мегирад. Ин иқдоми наҷиб ва саривақтии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон паёми возеҳ ба ҷаҳониён мебошад: сулҳ масъулияти як миллат нест, балки масъулияти муштараки тамоми башарият аст.
Ҳоло Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар марҳилаи таҳияи санади консептуалӣ, лоиҳаи қатънома ва дигар ҳуҷҷатҳои дахлдор қарор дорад, ки ба татбиқи ташаббуси “Даҳсолаи таҳкими сулҳ” нигаронида шудаанд. Дар ин самт мо дар ҳамбастагӣ бо як идда кишварҳои аъзои Созмони Милали Муттаҳид, аз ҷумла Африқои Ҷанубӣ ва Ҷамайка, ки дар татбиқи ин навъи ташаббусҳо таҷрибаи ғанӣ доранд, ҳамкории созанда ва мутақобили судманд ба роҳ мондаем.
Ҳамкорӣ бо кишварҳои дорои чунин таҷрибаҳои муваффақ дар амалисозии ташаббуси “Даҳсолаи таҳкими сулҳ” натиҷаҳои арзишманд ба бор меорад.
АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон








ПАРЧАМ-РАМЗИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Аҷдодони тоҷикон ҳанӯз аз замонҳои қадим соҳиби парчам будаанд
Парчами давлатии Тоҷикистон бо ҳадафи сулҳу оштӣ ва ҳамзистии осоишта ҷавлон мезанад
Пешвои миллат: «Парчами давлатӣ моро ҳамеша ба созандагиву ободкорӣ, худшиносӣ ва ҳифзи дастовардҳои истиқлол раҳнамоӣ мекунад»
ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
ҒИЗОИ СОЛИМ. Истеъмоли гулкарам ба гирифторони бемориҳои ҷигар ва талхадон муфид аст
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Чӣ гуна ангиштро дуруст истифода барем, то хатари заҳролудшавиро пешгирӣ кунем?
БОҒҲОИ ИНТЕНСИВӢ. Дар Тоҷикистон аз майдони кам метавон ҳосили баланди босифат ба даст овард
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъмоли сиёҳдона дар зимистон хавфи гирифторӣ ба зукомро коҳиш медиҳад
ФАЗОИ ТОҶИКРО ОЯНДАИ ДУРАХШОН ИНТИЗОР АСТ. Назари коршинос дар хусуси рушди авиатсияи тоҷик
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Хурмо нисбат ба себ ду маротиба бештар микроэлементҳои муфид ва нахи парҳезӣ дорад






