Тарофаҳои нав барои Суғд: интернети бештар бо нархи дастрас!
ДУШАНБЕ, 13.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. Ширкати «МегаФон Тоҷикистон» махсус барои муштариёни вилояти Суғд силсилаи нави тарофавӣ ҷорӣ намуд. Дар доираи силсилаи «Аз ту оғоз мегардад» ба сокинони минтақа бастаҳои муфиди «Суғд 85», «Суғд 110» ва «Суғд 140» барои пайвасткунӣ дастрас гардиданд.
Силсилаи нав алтернативаи беҳтарин барои тарофаҳои қаблан мавҷуда гардид: ҳаҷми трафики интернети дастрас ва миқдори дақиқаҳои зангҳо ба шабакаҳои ҳама операторони Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла «МегаФон Тоҷикистон» зиёд карда шуд. Зангҳо дар дохили шабакаи «МегаФон Тоҷикистон» ҳатто баъди тамомшавии бастаи асосии дақиқаҳо дастрас ва бемаҳдуд мемонанд. Чунин шартҳои муфид барои муштариёни вилояти Суғд танҳо дар ҳудуди минтақа амал менамоянд.
Бастаҳои нав инчунин якчанд имконияти иловагӣ доранд. Ҳамин тариқ, ҳангоми сари вақт пардохт намудани маблағи тарофа трафики асосии интернети истифоданашуда ба давраи нав гузаронида мешавад. Илова бар ин, муштариён метавонанд ҳангоми зарурат дақиқаҳоро ба мегабайтҳо иваз карда, хизматрасониҳои иловагӣ, аз ҷумла бастаҳои силсилаи «Одӣ» ва «БОЗ NEW»-ро пайваст намоянд.
Ба тарофаи «Суғд 85» бо нархи 85 сомонӣ 350 дақиқа ба ҳама шабакаҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, 10 Гб трафики асосӣ ва 30 Гб барои шабакаҳои иҷтимоӣ ва паёмрасонҳо дохил мешаванд. Тавре иброз гардид, зангҳо дар дохили шабакаи «МегаФон Тоҷикистон» дар тарофаҳои нав баъди тамомшавии бастаи дақиқаҳо ба ҳама шабакаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бемаҳдуд ва дастрас мемонанд.
Тарофаи «Суғд 110» аз 500 дақиқа ба ҳама шабакаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, 20 Гб трафики асосӣ ва 50 Гб барои шабакаҳои иҷтимоӣ ва паёмрасонҳо иборат аст. Арзиш барои роҳати муштариён дар номи тарофа дарҷ гардидааст – 110 сомонӣ.
Истифодабарандагони тарофаи «Суғд 140» 500 дақиқа ба ҳама шабакаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, 40 Гб трафики интернети асосӣ ва 80 Гб-ро барои паёмрасонҳо ва шабакаҳои иҷтимоии маъруф ба даст меоранд. Трафики алоҳида аз рӯи ҳар се тарофа барои истифодаи Viber, WhatsApp, Telegram, IMO, WeChat, Facebook Messenger, Instagram, VK, «Одноклассники», TikTok ва YouTube пешбинӣ гардидааст. Арзиши тарофа – 140 сомонӣ.
«Барои мо пешниҳоди маҳсулоти воқеан муфид ба муштариёни Суғд муҳим буд. Бастаҳои силсилаи «Аз ту оғоз мегардад» ба интизориҳои мубрами корбарон ҷавобгӯ мебошанд – ин ҳам ҳаҷмҳои зиёди интернет, ҳам озодии муошират ва ҳам нархҳои дастрас аст. Мо мизоҷони худро бодиққат гӯш карда, хизматрасониҳое таҳия менамоем, ки барояшон воқеан ҳам муҳиманд»,- гуфт директори тиҷоратии ширкати «МегаФон Тоҷикистон» Илдар Салихов.
Барои пайвст намудани бастаҳои силсилаи «Аз ту оғоз мегардад» сокинони вилояти Суғдро зарур аст, ки бо шиноснома ба идораи наздиктарини ширкати «МегаФон Тоҷикистон» муроҷиат намоянд. Суроғаи толори муносиби алоқаро дар минтақа дар сомонаи оператор пайдо намудан мумкин аст.
АКС: ширкати «МегаФон Тоҷикистон»








Соли 2025 ба беш аз 77 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ раводид дода шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид






