Тоҷикистон ва Баҳрайн ҳамкории муассисаҳои таълимии дипломатиро баррасӣ карданд

Ноябрь 4, 2025 08:59

ДУШАНБЕ, 04.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. 1 ноябр мулоқоти муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фаррух Шарифзода бо директори Академияи дипломатии ба номи Муҳаммад ибни Муборак Оли Халифаи Вазорати корҳои хориҷии Подшоҳии Баҳрайн Мунира бинти Халифа Оли Халифа доир гардид.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои таҳким ва густариши ҳамкории дуҷониба дар соҳаи тайёр намудани кадрҳои соҳаи дипломатия, мубодилаи таҷриба ва татбиқи барномаҳои таълимиро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Ҷонибҳо омодагии худро барои рушди минбаъдаи ҳамкорӣ байни муассисаҳои таълимии марбутаи вазоратҳои корҳои хориҷии ду кишвар баён намуда, зарурати таҳкими робитаҳои мустақим  байни  Маркази такмили ихтисоси Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи дипломатии Вазорати корҳои хориҷии Подшоҳии Баҳрайнро таъкид намуданд.

АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Ноябрь 4, 2025 08:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон бо муовини Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау мулоқот намуд
Рушди ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд
Даври 4-уми Шарҳи универсалии даврии Тоҷикистон дар Женева баргузор шуд
Дар Женева доир ба дастовардҳои Тоҷикистон дар 35 соли истиқлоли давлатӣ ва таҳкими ҳифзи ҳуқуқи инсон чорабинии сатҳи баланд доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Австрия бо Президенти Бунёди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон бо раиси Шурои мудирони Ширкати лоиҳаҳои гардишгарии Кувайт мулоқот намуд
Дар Москва Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Ветнам баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири давлатии Кувайт дар умури ҷавонон ва варзиш мулоқот кард