Тоҷикистон ва Ҷопон дар соҳаи мониторинги пиряхҳо, газҳои гулхонаӣ ва сифати ҳаво Ёддошти тафоҳум ба имзо расониданд
ДУШАНБЕ, 17.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. 15 ноябр дар ҳошияи Конфронси 30-юми ҷонибҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим (СОР-30) дар шаҳри Белени Бразилия маросими имзои Ёддошти тафоҳум байни Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ширкати ҷопонии «ArkEdge Space Inc» баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зист хабар медиҳад.
Чорабинӣ қадами муҳим дар густариши ҳамкорӣ дар самти таҳкими иқтидор, санҷиши фосилавии пиряхҳо (дистансионӣ), мониторинги тағйирёбии иқлим, газҳои гулхонаӣ ва сифати ҳавои атмосферӣ ба ҳисоб меравад. Он барои баланд бардоштани устувории иқлимӣ ва иқтидори илмӣ аҳамияти калон дорад.
Дар доираи баргузории чорабинӣ вохӯрии директори Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулло Қурбонзода бо муовини вазири масъалаҳои глобалии муҳити зисти Ҷумҳурии Ҷопон Кентаро Дои баргузор гардид. Дар мулоқот тарафҳо барои пешбурди корҳои муштараки илмӣ, иштирок дар конфронсҳои байналмилалӣ ва баррасии имконияти ҷалби маблағгузории шарикони байналмилалӣ изҳори омодагӣ намуданд.
Имзои Ёддошти тафоҳум нишон медиҳад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба пешрафти илми иқлимшиносӣ, густариши ҳамкорӣ бо кишварҳои дигар ва истифодаи роҳҳои наву замонавӣ барои назорат ва омӯзиши тағйирёбии иқлим аҳамияти калон медиҳад. Масъалаи мазкур барои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар Осиёи Марказӣ дорои захираҳои калони пиряхҳо мебошад, бисёр муҳим мебошад.
АКС: Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия дурнамои рушди ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд
Тоҷикистон ҳамкориро бо давлатҳои хориҷӣ дар самти муқовимат ба коррупсия тақвият медиҳад
Дар қолаби «Осиёи Марказӣ — Чин» конференсияи дуюми вазирони сохтмон баргузор гардид
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ баргузор гардид
«ТОҶИКИСТОН-2026». Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалӣ ифтитоҳ шуд
СТРАТЕГИЯИ МИЛЛИИ РУШДИ ИСТЕҲСОЛУ КОРКАРДИ ПАХТА ВА САНОАТИ НАССОҶӢ. Дар доираи татбиқи он беш аз 600 ҳазор ҷойи кор таъсис меёбад
Имконоти истеҳсолии корхонаи «Ҷавонӣ»-и вилояти Суғд васеъ карда мешавад
Намояндагони Вазорати нақлиёти Тоҷикистон бо таҷрибаи Корея дар самти роҳсозӣ шинос мегарданд
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ оғоз гардид
Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард
Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи рушди низоми тиҷорати электронӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд






