Тоҷикистонро дар Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ 65 варзишгар намояндагӣ мекунанд

Ноябрь 5, 2025 15:26

ДУШАНБЕ, 05.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. Аз 7 то 21 ноябр дар шаҳри Риёзи Арабистони Саудӣ VI-умин Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ баргузор мегарданд. Тоҷикистонро дар ин мусобиқот 65 варзишгар аз рӯйи 10 намуди варзиш – варзиши сабук, варзиши электронӣ, волейбол, гӯштии тарзи озод ва юнонӣ-римӣ, таэквондо, тенниси рӯйи миз, футзал, ҷиуҷитсу, ҷудо ва  шиноварӣ намояндагӣ мекунанд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Ба барномаи бозиҳо 23 намуди варзиш, аз ҷумла 2 намуди варзиш барои шахсони имконияташон маҳдуд (пара-варзиши сабук ва пара-паурлифтинг) ворид аст. Дар ин мусобиқот  зиёда аз 3000 варзишгар аз 57 давлатӣ аъзои Ассотсиатсияи варзишҳои ҳамбастагии исломӣ иштирок мекунанд.

Дастаи мунтахаби  футзали Тоҷикистон дар доираи Бозиҳо, таҳти роҳбарии Пайрав Воҳидов, дар даври гурӯҳӣ яъне гурӯҳи «В» бо  дастаҳои мунтахаби  Афғонистон, Эрон ва Марокаш бозӣ мекунад. Футзалбозони тоҷик дар даври аввал  4 ноябр аз дастаи мунтахаби Афғонистон бо ҳисоби 5:9 мағлуб гардид.

6 ноябр  дар даври дуюм бо дастаи мунтахаби Марокаш ва дар даври ҷамъбастӣ  8 ноябр бо  дастаи мунтахаби Эрон вомехӯрад. Ба гурӯҳи «А» дастаҳои мунтахаби Арабистони Саудӣ, Узбекистон, Либия, Озарбойҷон шомиланд. Аз ҳар гурӯҳ ду,  дастаи беҳтарин дар нимфинал мусобиқаро идома медиҳанд. Инчунин дастаи мунтахаби Тоҷикистон  оид ба гӯштини ҷудо аз 7 нафар (5 мард ва 2 зан) таркиб ёфтааст, ки инҳо Ёсин Бобокалонов дар вазни то  66 кг, Абубакр Шеров дар вазни то 73 кг, Муҳаммадҷон Абдуҷалилзода дар вазни то 90 кг, Ҷаҳонгир Маҷидов дар вазни то 100 кг, Темур Раҳимов дар вазни +100 кг, Аҳлия Муъминова дар вазни то 48 кг, Мадина Қурбонзода дар вазни то 52 кг Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин мусобиқаи сатҳи баланд муаррифӣ мекунанд.

Мусобиқаи гӯштини ҷудо  8-10 ноябр ба нақша гирифта шудааст. Мадина Қурбонзода парчамбардори ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар маросими кушодашавии Бозиҳо интихоб шудаанд.

Хотиррасон мешавем, ки Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ аз соли 2005 доир мегардад. 1-умин Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ низ дар Арабистони Саудӣ, шаҳри Макка баргузор шуда буд. Баъдан, соли 2013 дар шаҳри Палембанг давлати  Индонезия, соли  2017 дар шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озарбойҷон, соли  2021 шаҳри Қунияи давлати Туркия мизбони Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ буданд. Инчунин  Бозиҳои дуюм соли 2010 дар Ҷумҳурии Исломии  Эрон ба нақша гирифта шуд, вале доир нагашт. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 5 Бозиҳои гузашта 15 медал – 1 тилло, 4 нуқра ва 10 нишони  биринҷӣ  ба даст овардааст. Ягона медали тиллоро соли 2005 дар шаҳри Макка варзишгари  маъруфи тоҷик  Дилшод Назаров сазовор гашааст.

Меҳрони ҚУРБОН,
шореҳи варзиши АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Ноябрь 5, 2025 15:26

Хабарҳои дигари ин бахш

ҶОМИ ОСИЁ-2027. Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои бозии ниҳоӣ бо дастаи яккачини Филиппин муайян шуд
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА ГӮШТИНИ ҶУДО. Дар он 13 варзишгари Тоҷикистон иштирок менамоянд
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагиро ба бозӣ ба муқобили дастаи яккачини Филиппин оғоз мекунад
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Хоруғ мусобиқаи гӯштини миллӣ доир мегардад
Дар «Tbilisi Grand Slam- 2026» оид ба гӯштини ҷудо аз Тоҷикистон ҳафт варзишгар иштирок менамояд
Дар Данғара бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Дастаи мунтахаби то 16-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар чемпионати CAFA-2026 иштирок мекунад
Дар Душанбе қуръакашии тақвими Лигаи якуми Тоҷикистон-2026 оид ба футбол баргузор шуд
Варзишгари тоҷик дар Мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми қавитанҳо» соҳиби медали тилло гардид
ФУТБОЛ. Наврӯз Воҳидов ва Фаридун Маҳмадиев аз ҳаққи доварӣ маҳрум карда шуданд
Варзишгари тоҷик Махсатулло Муъминов дар мусобиқаи байналмилалии каратэ-до дар Русия соҳиби медали тилло гардид
Дар Душанбе бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад