Варзишгарони тоҷик аз мусобиқаҳои байналмилалӣ 958 медал ба даст оварданд
ДУШАНБЕ, 29.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. Солҳои 2024–2025 аз ҷониби варзишгарони тоҷик дар мусобиқаҳои байналмилалӣ 958 медал, аз ҷумла 274 медали тилло, 268 нуқра ва 406 биринҷӣ ба даст оварда шуд. Дар натиҷа Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 958 маротиба барафрохта шуда, 274 маротиба Суруди миллӣ садо додааст. Дар ин маврид зимни ҷаласаи навбатии Шурои рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ дода шуд.
Тавре аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар ҷаласа муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ, аъзои Шуро, роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор, федератсияҳои варзишӣ ва масъулини соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш иштирок намуданд.
Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфиқор Гулаҳмадзода ҳисоботи натиҷаҳои фаъолияти соҳаи варзишро дар солҳои 2024–2025 пешниҳод намуд. Иттилоъ дода шуд, ки Тоҷикистон дар ин давра мизбони 51 мусобиқаи байналмилалӣ гардида, беш аз 8000 нафар варзишгарон аз дохил ва хориҷи мамлакат иштирок намуданд.
Гуфта шуд, ки дар самти рушди варзиши оммавӣ дар ин давра дар ҷумҳурӣ беш аз 76 ҳазор чорабинии варзишию солимгардонӣ доир карда шуд. Дар ин чорабиниҳо зиёда аз 6 миллион нафар иштирок намуданд.
Дар соҳаи инфрасохтори варзишӣ танҳо дар ду соли охир 256 иншооти варзишӣ бо маблағи беш аз 130 миллион сомонӣ сохта, ба истифода дода шудааст.
Иброз гардид, ки Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ва федератсияҳои варзишии мамлакат барои омодагӣ ба Бозиҳои осиёии «Айчи–Нагоя 2026» ва Бозиҳои олимпии «Лос-Анжелес 2028» тадбирҳои заруриро ба роҳ мемонад. Бо ин мақсад гурӯҳи кории соҳавӣ таъсис дода шуда, 11 намуди олимпӣ ҳамчун намудҳои афзалиятнок муайян гардидаанд.
Минбаъд низ барои иҷрои дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шурои рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш тамоми чораҳои зарурӣ амалӣ гардонида мешаванд.
Таъкид шуд, ки ҳамаи ин дастоварду пешравиҳо натиҷаи дастгирии пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таваҷҷуҳи хоссаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи варзиш мебошанд.
АКС: Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








ҶОМИ ОСИЁ-2027. Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои бозии ниҳоӣ бо дастаи яккачини Филиппин муайян шуд
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА ГӮШТИНИ ҶУДО. Дар он 13 варзишгари Тоҷикистон иштирок менамоянд
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагиро ба бозӣ ба муқобили дастаи яккачини Филиппин оғоз мекунад
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Хоруғ мусобиқаи гӯштини миллӣ доир мегардад
Дар «Tbilisi Grand Slam- 2026» оид ба гӯштини ҷудо аз Тоҷикистон ҳафт варзишгар иштирок менамояд
Дар Данғара бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Дастаи мунтахаби то 16-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар чемпионати CAFA-2026 иштирок мекунад
Дар Душанбе қуръакашии тақвими Лигаи якуми Тоҷикистон-2026 оид ба футбол баргузор шуд
Варзишгари тоҷик дар Мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми қавитанҳо» соҳиби медали тилло гардид
ФУТБОЛ. Наврӯз Воҳидов ва Фаридун Маҳмадиев аз ҳаққи доварӣ маҳрум карда шуданд
Варзишгари тоҷик Махсатулло Муъминов дар мусобиқаи байналмилалии каратэ-до дар Русия соҳиби медали тилло гардид
Дар Душанбе бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад






