Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон аз шомил шудани бархе аз бонкҳои кишвар ба феҳристи таҳримҳои Иттиҳоди Аврупо изҳори нигаронӣ намуд

Ноябрь 1, 2025 12:00

ДУШАНБЕ, 01.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз шомил шудани бархе аз бонкҳои мамлакат ба феҳристи таҳримҳои Иттиҳоди Аврупо изҳори нигаронӣ ва таассуф намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Аз ҷумла, дар изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфта  шудааст, ки:  «23 октябри соли 2025 Шурои Иттиҳоди Аврупо бастаи дигари таҳримҳоро қабул кард, ки фаъолияти як қатор бонкҳо ва ширкатҳои кишварҳои сеюм, аз ҷумла Тоҷикистонро низ дар бар мегирад. Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз шомил шудани бархе аз бонкҳои Тоҷикистон ба ин феҳристи таҳримҳо амиқан нигарон буда,  изҳори таассуф мекунад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пойбандӣ ба уҳдадориҳои байналмилалии худ ҳамеша омода аст, ки бо шарикони байналмилалӣ барои ҷилавгирӣ аз хатарҳои марбут ба саркашӣ аз эҳтимоли чораҳои таҳримотӣ ҳамкорӣ намояд.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вазъи кунуниро ҳамаҷониба мавриди омӯзиш ва пайгирӣ қарор дода, ҷиҳати то ҳадди ақалл коҳиш додани оқибатҳои манфии ин таҳримҳо чораҳои зарурӣ меандешад».

АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ноябрь 1, 2025 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим дар Донишкадаи таҳсилоти обии Делфт муаррифӣ гардиданд
Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Конститутсия ва Парчами давлатӣ дар шаҳри Боку таҷлил карда шуд
Дар Донишгоҳи тиббии Исломобод «Рӯзи илми Сино» баргузор шуд
Сироҷиддин Муҳриддин дар Ҳамоиши байналмилалии таъмини амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар нишасти муштараки Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Маҷаллаи «The Times Kuwait» зери унвони «Тоҷикистон: кӯлҳои кӯҳистонӣ, достонҳои куҳан ва меҳмоннавозии гарм» матлаб нашр кардааст
Сафири Тоҷикистон бо устондори Ал-Ҷаҳрои Кувайт вохӯрӣ намуд
Дар Фестивали сайёҳӣ дар Покистон ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Дар шаҳри Путраҷая мулоқоти ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Малайзия баргузор шуд
Идибек Қаландар бо Дабири кулли Вазорати корҳои хориҷии Малайзия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо муовини Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау мулоқот намуд
Рушди ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид