ЗИЁИЕ ОЗОДИХОҲ, САРАФРОЗ ВА ШАРАФМАНД

Ноябрь 14, 2025 11:49

Дар байни қишлоқҳои Вознавд ва Деҳи Рӯшон як мавзеи ниҳоят хатарнок, бо номи «Гардиши Наврӯзалӣ» вуҷуд дошт.

Ҳисоб кардаанд, ки дар муддати истифодаи роҳ, фақат дар ҳамин қитъа, садҳо мошин бо мусофир ва бору бандашон ба коми дарё фурӯ рафтаанд.

Як рӯзи зимистон сардори шуъба маро даъват карда, фармон дод:

– Мошинро бигиред. Таъҷилан ба мавзеи «Наврӯзалӣ» равед. Дар он гардиш таркиш таъйин шудааст. Дар муқобили ин мавзеъ, деҳаи Нешдори афғонҳо ҷойгир аст. Сокинонаш дар таҳлука афтодаанд. Бо онҳо ба алоқа бароед. Дар сурати эҳтимоли осеб дидан, аз номи Ҳукумати Шуравӣ замонати барқарор кардани хонаҳои ононро расонед.

Ман рафтам ва ончунон кардам. Барои он ки суҳбат боварибахш шавад, бо худ марди солманду солор, директори мактаб, шахси бообрӯ, дӯсти худам Душанбе Амрихудоевро ҳам гирифтам.

Чун ба таркиш омодагӣ медидем, муҳандис моро тақрибан ду километр дуртар, ба мавзеи бехатар бурд. Нигоҳ кард, ки дар самти чапу рости мо кӯҳҳо наздик набошанд. Зеро онҳо ҳам метавонистанд, аснои тарконидани мавзеъ ба сари мо фурӯ резанд.

Дар як баландӣ аломатчиеро бо се байрақчаи ранга монданд. Байрақчаи сабз нишони омодагӣ, бо бардоштани байрақчаи зард мо бояд рӯйи замин хобида, интизори таркиш мешудем ва он баъди сӣ сонияи бардоштани байрақчаи сурх рух медод.

Чун байрақчаи сурх бардошта шуд, ҳамроҳони хуби итоаткори мо тибқи супориш амал карданд.

Ман фикр кардам, ки ҷойи таркиш дур аст. Дуюм, агар санге задан насиб бошад, дар ҳолати хобидан болои замин ҳам мезанад. Ҷойи гурез нест. Беҳтар аст, як бор бо чашми худ яке аз бузургтарин таркишҳоро дар Бадахшон бубинам.

Тибқи ҳисобҳои муҳандисон, бояд як кӯҳи ба андозаи хонаи сиошёна баланд ва ба вусъати варзишгоҳи «Истиқлол» паҳноидошта тарконида мешуд.

Филмҳо ҳама бозии техникианд.

Ин ҷо бошад, воқеият буд.

Ман ба таркиш худро руҳан омода сохта, панҷаҳои пой ва зонуҳоро ба шароити чунин ҳодиса гӯё мувофиқ карда будам.

Ҳамин замон, бидуни садое замин аз таги пойи мо хомӯшона рафт, монанди он, ки дар болои ягон асбоби атрактсионии боғи бачагона истода бошем.

Сипас, аз се ду қисми кӯҳи «Наврӯзалӣ» мисле, ки ба самти осмон ҳаракат мекарда бошад, на яку якбора, балки ба назари ман, ба оҳистагӣ баланд шуд.

Дар ин сония чунон таркише, ки замину замон, кӯҳу дарраҳоро бардошта, бо садои гӯшкаркунандаи пурдаҳшат ба гунбади сангини осмон мезада бошад, ба вуқуъ пайваст.

Роҳбари идораи геологияи вилоят Зуҳур Ёров ном марди ботаҷрибаи ванҷӣ бо мо буд. Ӯ низ дар қатори дигарон, ягона шахси дар сар тоскулоҳдошта, дар замин ба шикам мехобид.

Баъди таркиш ҳама аз ҷо хестанд.

Зуҳур Ёров қариб нафас накашида мехобид.

Аз ҷо нахест.

Мо хавотир шудем.

Ду — се каса дасташро гирифта, аз замин бардоштем.

Соқу саломат.

Ба ҳоли ӯ хандидем.

Ин замон гӯё тӯфон шуда бошад, як даста хоку регу сангчилҳо ба сари мо мисли ҷола рехтанд.

Зуҳур Ёров ба шеваи ванҷӣ:

– Ана, оли бханде! Соз амуйе механда, ки охирун бханда. Оли шмо марако шаттаи гови мрдара нахӯрайе. Дийе, нав хокойи «Наврӯзалӣ» дар сармн рехтн. Ага санг миюмад, чӣ мешӣ?!!! Шумо, бесаводо, мага нахундайе, ки суръати санг аз суръати овоз камтарай. Олӣ, бханде, бханде! – гуфта, изҳори малолӣ кард.

Аз чангу хок ду метр он тарафтар чизе дида намешуд.

Ин ҳолат тақрибан чил дақиқа давом кард. Хокбориш оҳиста-оҳиста нишаст. Самти «Наврӯзалӣ»  рӯшан шудан гирифт.

Мо дамидани оби дарёи Панҷро дидем, ки дар натиҷаи таркиш қисмати кӯҳпораҳо пеши раҳи онро гирифта буд. Аз мавзеи ҳодиса ин тараф, кӯли калон ба вуҷуд меомад.

Зуҳур Ёров моро ором кард, ки ин ҳолат ба ҳисоб гирифта шудааст. Таркиш самтӣ буд. Ба дарё зиёни сахт нарасидааст.

Чанг қариб пурра бартараф шуд. Кӯҳтеппаи «Наврӯзалӣ» ғарами сангпораҳои бузургро мемонд. Роҳи Хоруғ – Душанбе ба пуррагӣ маҳкам. Зуҳур Ёров гуфт, ки имшаб дар қишлоқи Деҳ меистем.

Аммо бобои Душам дасти маро гирифта:

– Раҳмат Зуҳур Ёрович, коратро кардӣ, раҳи моро бастӣ. Мо ҷойи таркишро бинем, баъд қарор қабул мекунем, чӣ бояд кард.

Мо бо Зуҳур Ёрович, ки шахси зиёӣ ва хушчақчақ буд, хайру маъзур кардем. Бобои Душам пешопеш, ман аз дунболаш, қариб як соат аз ғарами кӯҳпораҳо базӯр гузашта, пиёда самти деҳаи Шипад ҳаракат кардем.

Мошини ман дар қишлоқи Деҳ монд.

Баъди ду гардиш «Москвич»-и ҷияни бобои Душам моро интизор будааст.

РАФИҚОНИ БУЗУРГИ НОМВАР ҶӮЙ

Дар мошин савор шудем. Бобои Душам:

– Язгулом, хонаи як дӯсти ман меравем, – гуфт.

Ман рафиқи бобои Душамро намедонистам, аммо аз он, ки бо ҳамин баҳона Язгуломро мебинам, ин таклиф хушам омад.

– Бобои Душам, ман аз сардор иҷозати ба Язгулом рафтанро нагирифтаам, – гуфтам бо ҷиддият.

– Эҳ, хуб одами сода будаӣ. Охир, ту ҳангоми таркиш дар ин тарафи овринги «Наврӯзалӣ» будӣ. Роҳ пурра маҳкам. Акнун шаб торик шуд. Куҷо меравӣ? Бояд дар ягон ҷо шабро рӯз кунӣ!

– Дурӯғи маслиҳатомез. Баҳонаи бад нест. Меравем! – гуфтам ман бо қотеият.

Ҳамин тариқ, мо тахминан баъди чил — панҷоҳ дақиқа ба дараи Язгулом расидем. Каме дуртар, дар саргаҳи деҳа, аз самти чап, дар соҳили дарёи Язгулом ва доманакӯҳ, як хонаи бузурги бо таҳкурсиҳои барҷаста қоматафрохта намудор гашт. Аз мошин фаромадем. То дари «чаппарак»-и чӯбӣ нарасида, дар берун моро як марди тахминан чилу панҷ — панҷоҳсола, гандумгун, қадбаланд, чашму абрӯсиёҳ, зиёӣ, бо куртаи сафед, гарданбанд, шими сиёҳ, ҷомаи оҳарии сиёҳ дар тан, тоқии нави чустӣ дар сар, бо оғӯши кушода ва чеҳраи болида пешвоз гирифт ва «хуш омадед!» гуфт. Ба ҳавлӣ даъват кард.

– Душанбе, дӯсти азизам! Меҳмонхона ҳам тайёр, хонаи калон ҳам. Шумо куҷоро интихоб мекунед? – гуфта, бо меҳрубонии зиёд пурсид соҳибхона.

– Ҳусейнзода, мебахшед, ман рафиқи худро муаррифӣ накардам, – баъди номи маро гирифта шиносонидан, суханашро давом дода, – падари ин кас ҳам мисли ману ту муаллим аст. Ин мардак рӯзи сармое, бо кадом муносибате, як сухани падарашро ёдовар шуда буд. Он ба ман маъқул шуд: «Бачам, дар зимистон, мабодо, шиками меҳмонро гушна монӣ ҳам, лекин ҷояшро гарм нигоҳ дор», – гуфт.

Соҳибхона хушҳол гашт ва фармуд:

– Фаҳмидам, Душанбе. Дар хонаи калон бо аҳли оила мешинем. Ҷойи кӯдак доим гарм аст.

Ҳамин тариқ, мо ба хонаи «ҷойдорӣ» (мардуми Бадахшон хонаҳои усули маҳаллии худро ҳамин тавр ном мебаранд) гузаштем.

Агар ба таври муъҷаз гӯем, ин хонаҳо тақрибан як толори барҳавои бузурги чоркунҷаро мемонанд. Дохили он аз даромадгоҳ, фарши хона, роҳрав ва се сурфаи дасти рост, чап ва мобайн ба қади зону иборат аст. Дар мобайн бухории русии, одатан, калон ва барои гарм кардани хона мувофиқ, дар самти чап ё рост дегдон барои пухтани хӯрок ва нон, қисмати дигари пойини ин се сурфа, асосан, ганҷурхона ҳаст.

Ҳар хонаи бадахшонӣ мисли осорхона зебо, гуворо ва дилкаш аст.

Сақфи хона вобаста ба андозаи он бо чор, шаш ё дувоздаҳ сутуни мустаҳкам хуб сайқал ва оро дода шуда, бо чӯбҳои маҳаллӣ пӯшонида, мобайни хона аз чор ё панҷ чоркунҷаи чӯбӣ бо тарзи якдигарро дар ними андоза буридан, рӯйи ҳам гузошта шудаанд. Онҳо дар сақф тавассути тирезаи мисли китоб кушодашаванда анҷом меёбанд. Як табақаи ин тиреза бо банде, ки ба андозаи қади одам кушода ва пӯшида мегардад, идора мешавад.  Ғайр аз ин, ҳар чор девори хона як-ду тирезаи калон дорад.

Хонаҳо бо ҳар гуна овезаҳои миллии тоҷикӣ, дасткориҳои ҳунармандони худи хонадон ва минтақа оро дода шудаанд. Дар ҳар  хона асбобҳои мусиқӣ – дутору сетору ғижжак ва дафу доира овезонанд, ки даромадан баробар, меҳмонро аз соҳибзавқу зиндагидӯстдории соҳибонашон огоҳ мекунанд.

Чунин манзил барои фазои оила ҳам мувофиқ мебошад.

Яке аз сабабҳои мустаҳкамии қавмияти бадахшонӣ, қаробати бештари хешу таборон, дӯстон ва ҳамсоягон ба якдигар, ҳамин хусусияти хонаҳои онҳо ҳам ҳаст.

Бад ин минвол, ба хонаи Ҳусейнзода ворид гаштем. Дар он айни гуфтаҳо, аз он зиёдтар ва беҳтарро дидем.

Соҳибхона пештар аз омадани меҳмонон хабар доштааст ва дастурхонро бо тамоми анвои хӯрданию нӯшиданӣ, ки дар он замон буд, зеб додааст.

Амаки Ҳусейнзода сербача ва онҳо ҳамагӣ мактабхон будаанд. Даромадан замон якеашон, боодобона, дасти моро об гирифт, дигарӣ чою нони гарм меовард. Мисле, ки махсус дарс гузашта бошанд, хизмат мекарданд.

Соҳибхона ду мурғи марҷони хуб обпазшуда ва дилу ҷигари онро бирён карда, болои дастурхон гузошт.

Шаби мо бо роҳат мегузашт.

Баъди дастурхонро ғундоштан чою мураббову асалро болои мизи хурд гузошта, соҳибхона рубобро гирифт ва ду писарбачаи ӯ, бе фармони иловагӣ, доираву таблро бардоштанд.

Руҳи бобои Душам аз ин манзара боз ҳам болидатар гашт.

Ҳусейнзода оҳанги ширини «Эй шӯх, аҳдат нашканӣ»-ро чунон устодона навохт, ман гумон кардам, ки ӯ мусиқанавози касбӣ аст. Ба рубоб, ба пардаҳои он нигоҳ намекард. Рӯяшро ним боло гирифта, чашмонашро бо оҳанги диловез мувофиқ кунонда, озод ба торҳои рубоб нохун мезад. Гумон мекардӣ, ки ин асбоби мусиқӣ умре дар даст ва қисмати муҳимми ҳаёти ӯст. Аз сеҳри ангуштонаш рубоб нола мекард. Агар кас порчаи шеърие донад, ҳатман, зери лаб ба сурудхонӣ моил мешуд.

Санъату касбияти Ҳусейнзода дар он ҳам зоҳир мешуд, ки панҷ панҷаи ӯ бо торҳои пасту баланди рубоб чун парниён ишораҳо мекарданд ва аз чунин шавкати дақиқу мувофиқу мутобиқ торҳои асбоби сеҳрнок ва пардаи шаффофи он розҳои дили инсонро бо садоҳои гӯшнавоз ошкор менамуданд. Ба онҳо посух медоданд. Онҳоро марҳам мебахшиданд.

Чун мусиқӣ анҷом ёфт, бобои Душам:

– Э, аҳсан! Офарин! Ту дар Язгулом ҳайф шудаӣ. Охир ҷойи туву асбобу овози ту на танҳо ҳамин як дараи хурд аст. Шумо барин инсонҳоро ман дастоварди тамоми мардуми Тоҷикистон мешуморам. Канӣ, акнун ду даҳан бигир, шунавем.

Ҳусейнзода пиёлаи чойро ҳурт кашида, ба бачаи калониаш як имо кард. Аз пайи садои доира оҳанги зебое баланд шуд ва ӯ ғазалеро сароид, ки ду байти аввалаш ин буд:

Хезу дар косаи зар оби тарабнок андоз,

Пештар з-он ки шавад, косаи сар хокандоз.

Оқибат манзили мо водии хомӯшон аст,

Ҳолиё ғулғула дар гунбади афлок андоз...

Ҳамин тариқ, Ҳусейнзода ду-се ғазал хонд. Рубобро ба бобои Душам дод.

Ман навозишу сурудхонии дӯсти рӯшонии худро хуб медонистам. Ӯ бошад:

– Майлаш, Ҳусейнзода, лекин ҳамон ғазали дӯстдоштаамонро бо ҳам мехонем гуфта, оҳанги шӯхро ба навохтан сар кард ва ҷураҳои ҷонӣ суруд оғоз намуданд, ки матлааш ин буд:

Мутриби хушнаво бигӯ, тоза ба тоза, нав ба нав,

Бодаи дилкушо биҷӯ, тоза ба тоза, нав ба нав.

 Ҳамин тариқ, посе аз шаб гузашт.

Бобои Душанбе ва мо бо изҳори миннатдорӣ майли хестан ва падруди хонадон кардем.

Соҳибхона:

– Дар ин шаби торику ҳавои моил ба барфу борон, ҳатто бегонаи беинсоф ҳам мусофиру раҳгузарро раҳо нахоҳад кард. Наход шумо гумон кунед, ки ман баръакси он кунам. Хонаи хобатон ҳоло хуб гарм шудааст. Он ҷо гузашта роҳат мекунед. Фақат субҳ, баъди ширчойи чормағзии язгуломӣ ба муҳокимаи ин масъала мегузарем, – гуфт бо хушҳолӣ.

Мо, албатта, ин таклифро қабул кардем.

Як ҷузъиёт ногуфта намонад, ки тамоми шаби меҳмондориву суруд, муаллим Ҳусейнзода бо ҳамон либоси тозаву озода, куртаи сафеду галстук, мӯйи сари мошу биринҷи шонакарда ва бо эҳтиёт қайчидида, дар худ симои воқеии зиёии Бадахшон ва замонаро таҷассум мекард.

Субҳ баъди тановул бо изҳори миннатдорӣ он даргоҳро падруд гуфтем.

ШӮРИ ДАВРИ ҚАМАР ВА ОФОҚИ
ПУРФИТНАВУ ШАР

 Месазад ҷиҳати тафсири тақдири муаллим Ҳусейнзода аз ёдҳо, чанд лаҳзаи дигар пеш равем.

Солҳо гузаштанд.

Ҳукумати Шуравӣ шикаст хӯрд.

Наҳзати исломии хусуматҷоҳи ҳукуматхоҳ ҷанги хонумонсӯзи бародаркушро зери ниқоби дин оғоз кард.

Замину замонро ташвиқи нифоқ гирифт.

Муаллим Ҳусейнзода аз ин авзоъ сахт нороҳат буд. Бо чашми худ медид, ки баъзе зиёинамоҳо дунболи таассубу риёву хурофоту дурӯягиро гирифтаанд. Ва мегуфт:

Сарову мадрасаву баҳси илму тоқу равоқ,

Чӣ суд, чун дили донову чашми бино нест?

Сарои қозии Язд арчӣ манбаи фазл аст,

Хилоф нест, ки илми назар дар он ҷо нест.

Чун «ҳунар хор шуду ҷодуӣ арҷманд», овози табли соҳибкамон бар бод дода нанг, майдони ростиву дӯстӣ шуда танг, манзалати донишманду донишситой гашта мустаманд – бар машъалгари хирад аду эълон намуда ҷанг.   

Ташвиқгарони мардонагиву ватандӯстӣ ва озодагию ворастагӣ дар кӯчаю хиёбонҳо ва манзилу маконашон пайгир, таъқибу дастгир ва ба қатл расонида мешуданд.

Майли морони Заҳҳоки давр, ки ду-се аҷнабисиришт тухм гузошта, аз он морбачаву аждаҳо парвариш карда буданд, майл ба лонаи шаҳбозу шоҳин ва мағзҳои миллат густурда, онҳоро ғизои лоямавти худ интихоб карда буданд.

Ҳар киро роҳбар заған бошад,

Гузари ӯ ба марғазан бошад.

 Шаҳпари зоғу зағани дохилу хориҷ ин тоифаро сарвару раҳнамун гардид.

Ин боди бетахтӣ ва зуҳуроти бадбахтӣ дар дараи Язгулом ҳам пайки вусъату сахтиву қаҳтӣ ба намоиш гузошт.

Соли 1994 дастаҳои Ҷумъаи Намангонӣ, Ризвон Садиров, Баҳром Садирову дигарон аз Афғонистон ба водии Язгулом сар халонданд. Барои ваъз гуфтан, сиёсат кардан, сафҳои худ зиёд намудан, сокинони деҳаҳои водиро дар хонаи маданияти қишлоқи Мотравн ҷамъ оварданд. Ҳамчунон ғараз доштанд, усули гуфтори хеш бар ҳамагон таҳмил намоянд:

Онро, ки бибояд-ш сутудан, бинакӯҳед,

В-онро, ки накӯҳидан шояд, биситойед.

Ҳусейнзода инро шунида, ба неву нестони фарзандону ҳамдиёрон гӯш надода, шиму костюм, куртаи сафед, гарданбанд пӯшида, пешопеши мардум  вориди клуб мегардад.

Саркардагони террористон чун мебинанд, ки сокинон базӯру нозӯру ихтиёрӣ дар клуб ҷамъ шудаанд, ба саҳна мебароянд. Ҳамаро ба пайвастан ба «лашкари озодибахши ислом», ба «ҷиҳод»-у куштору несту нобуд кардани «кофирон»-у «муртадҳо»-ву  «мунофиқон»-у «тоғутҳо»  даъват мекунанд.

Дар охир мепурсанд:

– Оё ҳаст дар байни шумоҳо нафароне, ки сухан гӯянд?

Ҳама аз тарс хомӯш мемонанд.

Ҳусейнзода нопурсида, рост ба минбар мебарояд. Ва мегӯяд:

– Мо, тоҷикон баъд аз ҳазор сол бори дигар давлати мустақили худро пайдо кардем. Дар роҳбарияти ҷамоат, ноҳия, шаҳр, вилоят, мамлакат ягон нафари бегона намонд! Ҳама тоҷик, ҳама мусулмонанд! Шумо ба муқобили кӣ ҷиҳод карданӣ ҳастед?!!! Дар оташи ҷанге, ки алангаи онро ба осмонҳо бардоштед, ҳар соат онро доман мезанед, беҳтарин фарзандони миллат шахсони ғаюр, далер, зиёӣ нобуд шуда истодаанд! Фардо ин Ватанро кӣ ҳифз мекунад?!!! Кӣ месозад?!!! Бо ҷиҳод гуфтан, шумо миллати худро, тоҷики худро нобуд мекунед!!! Фардо дар назди таърих чӣ ҷавоб мегӯед?!!!

Ризвони қотил даст ба ҷайб бурда, мехоҳад таппончаро гирифта, муаллимро ба қатл расонад, ки дар якҷоягӣ тамоми ҷавонмардони ғаюри язгуломӣ барои ҳифзи муаллим аз ҷойҳо хеста, пеши роҳи ин ғоратгари одамкушро мегиранд.

Мӯйсафедон, пиронсолон зораву илтимос мекунанд, ки онҳоро кушанд, аммо ба муаллим Ҳусейнзода кордор нашаванд.

Чун авбоши одамкуши хатонасаб мебинад, ки язгуломиҳо ҳама паҳлавонсурату бузургсиратанд ва шояд дар «ҷиҳод»-и ӯ имкони истифодаи онон ҳам пайдо шавад ва ё ҳадди ақал, худи ӯ аз ин дара ҷон ба саломат барад, дандон хоида, таппончаро дар ғилоф меандозад. Фармон медиҳад, ки ҳама дар ҷойҳои худ шинанд ва истеҳзоомез мепурсад:

– Ҳа, муаллим! Боз чизи гуфтании дигар доред?!!!

Муаллим:

– Ҳа! Ман бисёр чизи гуфтанӣ дорам. Лекин агар ту аз пушти падарат бошӣ ва шири модарат бар ту ҳалол бошад, охирин суханамро дар ёдат бигир:

Чун теғ ба даст орӣ, мардум натавон кушт!

Наздики Худованд бадӣ нест фаромушт!

Исо ба раҳе дид, яке кушта фитода,

Ҳайрон шуду бигрифт ба дандон сари ангушт!

Гуфто, ки киро куштӣ, то кушта шудӣ зор!

То боз, кӣ ӯро бикушад, он кӣ туро кушт!

Ангушт макун ранҷа ба дар кӯфтани кас!

То кас накунад ранҷа ба дар кӯфтанат мушт!!!

Ҳусейнзода дигар ба ягон кас нигоҳ накарда, аз маҷлисгоҳ баромада меравад. Зану марди Язгулом аз қафои муаллим мебароянд.

Ба неву нестони устоди худ гӯш надода, то аз дараи Язгулом нобуд шудани Ризвону дигар саркардагон ва ҷангиёни террористи онон, ҷавонмардони язгуломӣ устоди худ – муаллим Ҳусейнзодаро шабу рӯз ҳифз мекунанд.

Бо гузашти чанд сол ман ба дараи Язгулом рафтам.

Мардуми он диёр дар як майдони кушод ҷамъ омада буданд.

Ман ба онҳо дар бораи сиёсати иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва амниятии мамлакат суҳбати озод доштам.

Дар охир чанд нафар бо намояндагӣ аз мардуми водии Язгулом бо шукргузорӣ аз давлат, изҳори омодагӣ барои ҳифзи манфиатҳои миллӣ сухан гуфтанд.

Яке аз онҳо муаллим Файзиддин Ҳусейнзода, фарзанди ҳамон зиёии озодихоҳ, сарафрозу шарафманд, устоди шинохта ва ҷойгузини падари бузургвораш буд.

(Аз китоби С. Ятимов «Ёддоштҳо», ҷилди 2,
Душанбе, «Эко Принт», 2024, саҳ. 121-134)

Ноябрь 14, 2025 11:49

Хабарҳои дигари ин бахш

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ВА РУШДИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон
Прокурори ноҳияи Исмоили Сомонӣ: «Эмомалӣ Раҳмон -абармарде, ки бо матонат, шуҷоат ва нангу номус давлату миллатро наҷот бахшиданд»
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ МУБОРИЗА БО ДИАБЕТИ ҚАНД. Чаро солҳои охир гирифторони ин беморӣ бештар шудаанд?
Пешвои миллат -рамзи ваҳдат, сулҳ, озодӣ ва пояи истиқлоли давлатии Тоҷикистон аст
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН — ПЕШВОИ СОЗАНДАИ ТОҶИКИСТОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ НОБИНОЁН. Ҳар инсон бояд соле на камтар аз ду маротиба аз назорати табиби чашм гузарад
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ НАКӮКОРӢ. Эҳтиром ва некиро аз кӯдакӣ омӯзонем, то ояндаро бо амалҳои хуб бисозем
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон