Рустами Эмомалӣ аз истифодаи зиёди вейпҳо ё сигорҳои электронӣ дар байни наврасон изҳори нигаронӣ намуданд

Декабрь 15, 2025 15:40

ДУШАНБЕ, 15.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз зимни баргузории иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз истифодаи зиёди вейпҳо ё сигорҳои электронӣ дар байни сокинон, бахусус насли наврас изҳори нигаронӣ намуданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ хабар медиҳад.

Муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз ҷумла, иброз намуданд, ки вақтҳои охир дар байни сокинони мамлакат, бахусус насли наврас ҳолатҳои истифодаи зиёди вейпҳо ё сигорҳои электронӣ ба мушоҳида мерасад, ки боиси нигаронии ҷиддӣ мебошад.

Таҳқиқоти илми тиб собит намудааст, ки истифодаи мунтазами сигорҳои электронӣ барои саломатии инсон, бахусус ҷавонону наврасон зараровар буда, ба зиёдшавии бемориҳои шадиди роҳҳои нафас, дилу рагҳо ва шуш, аз ҷумла саратон оварда мерасонад.

Аз ин рӯ, муҳтарам Рустами Эмомалӣ кумитаҳои дахлдори Маҷлиси миллиро вазифадор намуданд, ки қонунгузории мамлакатро дар ин самт мавриди таҳлил қарор дода, оид ба манъи истифода, истеҳсол, воридот, содирот, фурӯши яклухт ва чаканаи сигорҳои электронӣ таклифҳои мушаххас пешниҳод намоянд.

Дар ин замина ба милитсияи пойтахт дастур дода шуд, ки аз шаҳрвандон, падарону модарон, фаъолони ҷомеа, масъулини мактабу маориф ва аҳли ҷомеа хоҳиш намояд, ки ҳар амалу рафтори наврасонро зери назорати доимӣ қарор диҳанд.

Ёдовар мешавем, ки моҳи ноябри соли равон аз ҷониби Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе 115 далели истеъмоли чилим, ба истилоҳ «калян» ва сигорҳои гуногуни электронӣ дар дохил ва атрофи муассисаҳои таълимӣ ошкор карда шуд.

Ба иттилои Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе, вақтҳои охир истеъмоли маҳсулоти тамоку, махсусан чилим (калян) ва сигорҳои электронӣ аз ҷониби ноболиғон зиёд ба назар мерасад. Ин омили басе номатлуб оқибат метавонад истеъмолкунандагони онро ба бемориҳои вазнину мушкил гирифтор намояд.

Бояд гуфт, ки дар мамлакат Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» амал менамояд. Дар ҳар боб ва моддаҳои ин қонун оид ба амали қонун, сиёсати давлатӣ, мақомоти ҳокимияти давлатӣ, салоҳият ва ваколатҳои он, комиссияҳои ҷамъиятӣ ва вазифаҳои онҳо, ҳуқуқ ва уҳдадориҳои падару модар, ҳуқуқу уҳдадориҳои муассисаҳои таълимӣ ва омӯзгор, пешгирии ҳуқуқвайронкориҳо ва ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи қонун маълумот оварда шудааст.

Дар ин замина омӯзгорон ва волидайнро зарур аст, ки хонандагонро ба машғулшавӣ ба варзиш, бурдани тарзи ҳаёти солим, донишомӯзию хониши намунавӣ, эҳтироми волидону устодон, садоқату муҳаббат ба халқу Ватан ва дурӣ ҷустан аз ашхоси ҷиноятпеша ва амалҳои ғайриқонунӣ ҷалб намоянд.

Ёдовар мешавем, ки 12 сол қабл, 28 январи соли 2013 бо мақсади ташаккули тарзи ҳаёти солим, пешгирӣ намудани таъсири омилҳои хатарноки маҳсулоти тамоку ба саломатии инсон, инчунин танзими муомилоти маҳсулоти тамоку фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими муомилоти маҳсулоти тамоку» ба имзо расид.

Ҳадафи фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ташаккули тарзи ҳаёти солим дар байни аҳолӣ, пешгирӣ намудани таъсири омилҳои хатарноки маҳсулоти тамоку ба саломатии инсон, инчунин танзими муомилоти маҳсулоти тамоку дар мамлакат ва таъмини иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку» иборат мебошад.

Тибқи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку», кашидани ҳама навъи тамоку, аз ҷумла чилим, нос, инчунин сигорҳои электронӣ дар дохили муассисаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, муассисаҳои фарҳангӣ, варзишӣ, таълимӣ, биноҳои маъмурӣ ва коргоҳҳои давлатӣ қатъиян манъ мебошад.

Ҳамчунин дар моддаи 2, банди 2-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку» чунин омадааст: «Фурӯши маҳсулоти тамоку дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шахсоне, ки ба синни 18 нарасидаанд, иҷозат дода намешавад. Дар ҳолати шубҳа пайдо кардани фурӯшанда оид ба синну соли шахсе, ки маҳсулоти тамокуро мехарад, фурӯшанда уҳдадор аст аз харидор ҳуҷҷати тасдиқкунандаи синнашро талаб намояд. Агар аз ҷониби харидор ҳуҷҷати тасдиқкунандаи синнаш пешниҳод нагардад, фурӯшанда фурӯхтани маҳсулоти тамокуро ба ӯ рад мекунад».

Тамоку маҳсулоте аст, ки ба саломатии инсон хатари ҷиддӣ   дорад. Мутахассисони соҳаи тиб ҳушдор медиҳанд, ки дар таркиби тамоку моддаи никотин мавҷуд аст, ки ҳамчун алкоиди табиӣ маводи муассир ба ҳисоб меравад ва ба зудӣ вобастагӣ эҷод мекунад. Истеъмоли тамоку инсонро ба бемориҳои  онкологӣ (саратони хирной, трахея, шушҳо ва меъда), дилу раг, фишорбаландии шараёнӣ ва тромбози рагҳо ва ғайра гирифтор мекунад. Инчунин он   вазъи иқтисодии шахси сигоркашро бад менамояд.

Бархе афроде, ки аз истеъмоли маҳсулоти тамоку даст кашидаанд, ба истифодаи сигорҳои электронӣ гузаштаанд, аммо ин сигорҳо низ ба саломатӣ зарари калон мерасонанд. Таҳқиқот нишон додааст, ки никотин ва дигар моддаҳои кимиёвӣ, ки дар сигорҳои электронӣ мавҷуд ҳастанд, мушкилоти саломатӣ ба вуҷуд меоранд.

Тавре мутахассисон иброз медоранд, ҳангоми истеъмоли тамоку он, пеш аз ҳама, ба узвҳои нафаскашӣ дохил шуда, ба онҳо таъсири манфӣ мерасонад. Тамоку моддаҳои зараровари бофтаҳои пардаи луобии роҳҳои нафасро заиф намуда, сабаби пайдоиши якчанд бемории роҳҳои нафас мегардад. Тамокукашӣ сабаби бемориҳои илтиҳоби найчаҳои шуш, саратони шуш, илтиҳоби пардаи луобии ковокии бинӣ ва дигар бемориҳои роҳи нафас мешавад.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Декабрь 15, 2025 15:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир шуд
Файзалӣ Идизода бо Раиси Маҷлиси аш — Шурои Шоҳигарии Арабистони Саудӣ вохӯрӣ намуд
Раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон бо муовини якуми Раиси Федератсияи палатаҳои тиҷоратии Шоҳигарии Арабистони Саудӣ вохӯрӣ намуд
Раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон бо Раиси Агентии рушди сармоягузории Шоҳигарии Арабистони Саудӣ вохӯрӣ намуд
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд вохӯрии вакилони Маҷлиси намояндагон бо устодону донишҷӯён доир гардид
Ба омӯзгорону донишҷӯёни Коллеҷи омӯзгории шаҳри Хуҷанд муҳтавои Паёми Президенти Тоҷикистон расонида шуд
Ба сокинони ноҳияҳои Шамсиддини Шоҳин, Муъминобод ва Ховалинг Паёми Президенти Тоҷикистон шарҳ дода шуд
Раиси Маҷлиси намояндагон Файзалӣ Идизода ба сокинони Рашт нуктаҳои асосии Паёми Президенти Тоҷикистонро шарҳ дод
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе вохӯрии вакилон бо интихобкунандагон доир шуд
Дар ноҳияи Мастчоҳ вохӯрии вакили Маҷлиси намояндагон бо интихобкунандагон доир шуд
Мулоқоти вакилони Маҷлиси намояндагон бо интихобкунандагон оғоз гардид
Ба «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» тағйиру илова ворид карда шуд