Ҳамкории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо муассисаҳои илмии Малайзия баррасӣ шуд
ДУШАНБЕ, 24.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар мулоқоти президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Қобилҷон Хушвахтзода ва намояндагони Донишгоҳи Малайзия масъалаҳои таҳқиқоти саҳроӣ дар самти таърих, ҳифзи арзишҳои миллию фарҳангӣ ва омӯзиши фарогири дастнависҳои хаттии бузургон ва мутафаккирони қаламрави Осиёи Марказӣ баррасӣ гардиданд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Академияи миллии илмҳо хабар доданд, ҳамсуҳбатон оид ба мубодилаи донишҷӯён ва кормандон, баргузории машваратҳо ва конфронсҳои байналмилалӣ, ҳамчунин таҳкими робитаҳои академикӣ дар самтҳои энергетика, муҳандисӣ ва технологияҳои нав мубодилаи афкор намуданд.
Таъкид гардид, ки яке аз самтҳои муҳими ҳамкории дуҷониба байни муассисаҳои илмии Тоҷикистон ва Малайзия омода намудани кадрҳои баландихтисоси илмӣ дар зинаҳои магистратура ва докторантураи PhD мебошад.
Ҷонибҳо барои густариш додани ҳамкорӣ ба мувофиқа омада, иброз доштанд, ки имзои созишномаи ҳамкорӣ дар оянда барои рушди робитаҳои дуҷониба ва тақвияти ҳамкории илмӣ, фарҳангӣ ва таърихӣ муҳим мебошад.
АКС: Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон








Дар намоишгоҳи «WTM London – 2026» дастовардҳои илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
8 нафар аз Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм–фурӯғи маърифат» гардиданд
КОНСТИТУТСИЯ-БАХТНОМАИ МИЛЛАТ. Дар Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносӣ ҳамоиш доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон конференсияи байналмилалии илмӣ доир шуд
Олимони тоҷик дар Конфронси байналмилалӣ оид ба гуногунии биологӣ дар Ереван иштирок намуданд
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадршиносӣ шуданд
Байни Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии шарқшиносии Тошканд шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Ёвон ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадрдонӣ гардиданд
Оид ба тадқиқоти пиряхҳо ва раванди гузаронидани корҳои экспедитсионӣ машварати илмӣ-назариявӣ доир гардид
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад






