Ба омӯзгорону донишҷӯёни Коллеҷи омӯзгории шаҳри Хуҷанд муҳтавои Паёми Президенти Тоҷикистон расонида шуд
ДУШАНБЕ, 30.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади расонидани муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Коллеҷи омӯзгории шаҳри Хуҷанд вохӯрии вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо омӯзгорону донишҷӯён, кормандони соҳаи маориф ва сокинон баргузор шуд.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, дар вохӯрӣ муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мавсума Муинӣ ва вакили Маҷлиси намояндагон Ғулом Ҳалимзода сухан намуданд.
Масъулин нуктаҳои асосӣ ва самтҳои афзалиятноки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олиро мавриди таҳлил қарор дода, ба масъалаҳои рушди соҳаи маориф, баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ, таъмини шуғли аҳолӣ, дастгирии ҷавонон ва занон, инчунин таҳкими суботи иҷтимоӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуданд.
Иштирокчиёни мулоқот таъкид доштанд, ки татбиқи ҳадафҳои стратегӣ ва дастуру супоришҳои Сарвари давлат бо саҳми фаъоли ҳар шаҳрванд имконпазир буда, омӯзгорон дар тарбияи насли наврас дар руҳияи ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ ва эҳтиром ба арзишҳои давлатдорӣ нақши калидӣ доранд.
Дар фарҷом сокинон ва омӯзгорон ба саволҳо посух гирифта, барои ташкили чунин мулоқоти судманд изҳори қаноатмандӣ намуданд.
АКС: Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия созишнома ба тасвиб расид
Нахустин арзишҳои маънавии инсон, заминаи ҷаҳонбинӣ, ахлоқ ва шуур маҳз аз оғӯши модар ташаккул меёбанд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Дар Маҷлиси намояндагон оид ба аҳаммияти гузариш ба низоми дувоздаҳсолаи таълим ҳамоиш доир гардид
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум ду созишнома ба тасвиб расид
Дар Маҷлиси намояндагон бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳ ҳамоиши идона доир шуд
Дар ноҳияи Восеъ оид ба шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамоиш доир гардид
Вакили Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар ҷаласаҳои муштараки зимистонаи Ассамблеяи парлумонии САҲА иштирок намуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Ба сокинони Ҷамоати деҳоти Нусратулло Махсуми ноҳияи Рашт Паёми Президенти Тоҷикистон шарҳу тавзеҳ дода шуд
Дар Маҷлиси намояндагон муҳокимаи парламентӣ баргузор гардид






