Ба тарбиятгирандагони Мактаб-интернати ноҳияи Қубодиён туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
ДУШАНБЕ, 30.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. Ба тарбиятгирандагони Мактаб-интернати ноҳияи Қубодиён туҳфаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз сару либоси зимистона ва шириниҳо иборат буданд, тақдим гардиданд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».
Давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳеҷ гоҳ ятимонро танҳо намегузорад ва онҳо ҳамеша таҳти ғамхорӣ ва пуштибонии Пешвои миллат қарор доранд. Сиёсати иҷтимоии давлат ба ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои кӯдакон равона гардида, барои онҳо шароити муносиби таҳсил, тарбия ва зиндагии шоиста фароҳам оварда мешавад.
Дар Мактаб-интернати ноҳияи Қубодиён 26 нафар кӯдаки ятим ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд. Ба онҳо низ туҳфаҳо, либосҳои гарм ва дигар лавозимоти зарурӣ тақдим гардида, руҳияи идона эҳдо карда шуд.
Иброз гардид, ки дар сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дастгирии ятимону бепарасторон, маъюбону барҷомондагон, оилаҳои бесаробон ва ниёзманди ҷомеа мавқеи меҳварӣ дошта, ин нафарон таҳти ғамхорӣ ва таваҷҷуҳи пайвастаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор доранд.
Ҳамасола дар арафаи иду ҷашнҳои миллию давлатӣ ба ятимону бепарасторон, маъюбону барҷомондагон, оилаҳои бесаробон ва ниёзманди ҷомеа кумакҳои моддӣ ва туҳфаҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон расонида мешаванд.
Тарбиятгирандагон ваъда доданд, ки ҷавобан ба ин ҳама ғамхориҳо кӯшиш менамоянд, ки хубу аъло хонанд ва дар рушду ободии Ватан саҳми арзанда гузоранд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар Тоҷикистон корҳои омодагӣ барои истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон оғоз гардид
Дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон татбиқи методологияи таҳлили хавфҳои коррупсионӣ баррасӣ шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 70-уми Комиссияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба мақоми зан иштирок дорад
ГРАНТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. Занони хоҳишманд метавонанд лоиҳаҳои грантиро пешниҳод намоянд
Дар Тоҷикистон ҳавои номусоид то 11 март боқӣ мемонад
Эмомалӣ Раҳмон: «Модарон дар тарбияи насли нав масъулияти беназир доранд»
Табиат мекунад моро табобат! Сиёҳалаф дорои витаминҳои табиӣ мебошад
Пешвои миллат: «Занон дар ҳама соҳаҳои рушди Тоҷикистон саҳми арзанда доранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Модарон намунаи ахлоқ ва масъулияти ҷомеа мебошанд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Донишмандии зан омили пешрафти тамоми миллат аст»
ЗАН БЕҲТАРИН ВА ОХИРИН ТУҲФАИ ОСМОНӢ АСТ. Гуфтаҳои бузургон дар васфи Зан – Модар
ҲАМДУ САНО БА ЗАН-МОДАР, КИ МУҲАББАТИ Ӯ ИНТИҲО НАДОРАД. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон






