Баланд бардоштани сатҳи таълиму тарбия дар Коллеҷи технологии Конибодом баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 05.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. 2 декабр дар Коллеҷи технологии ба номи А. Қаҳҳорови шаҳри Конибодом бо усули «Мактаб ба мактаб» бо иштироки намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Конибодом вохӯрӣ баргузор гардид.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Конибодом хабар медиҳад, дар вохӯрӣ масъалаҳои муҳими баланд бардоштани сатҳи таълиму тарбия, таҳкими ҳамкории муассир байни муассисаҳои таълимӣ, тақвияти ҳисси ватандӯстию худшиносии миллии ҷавонон, солимгардонии ҷомеа ва роҳҳои пешгирии зуҳуроти номатлуб мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Таъкид гардид, ки чунин вохӯриҳо барои ҳамоҳангсозии кор, мубодилаи таҷриба ва ҷалби ҷавонон ба амалҳои созандагию ободонӣ аҳамияти хосса доранд.
Намояндагони мақомоти иҷроия барои таҳкими минбаъдаи ҳамкорӣ бо ҳайати омӯзгорону донишҷӯён изҳори омодагӣ намуда, ба ҷавонон барои фаъолияти босамар ва иштирок дар раванди ҷомеасозӣ тавсияҳои муфид пешниҳод карданд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Конибодом








Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид






