Дар Ҳамбург дурнамои густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии музофот бо Тоҷикистон баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 20.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри бандарии Ҳамбург вохӯрии Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Олмон Имомудин Сатторов бо намояндаи Палатаи савдо ва саноати Ҳамбург дар самти лоиҳаҳои байналмилалии иқтисодӣ ва долонҳои нақлиётӣ Мирко Новак баргузор гардид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Тоҷикистон дар Олмон хабар доданд, зимни мулоқот масъалаҳои марбут ба вазъи кунунӣ ва дурнамои густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии музофоти федеролии Ҳамбург бо Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин имконияти танзими чорабиниҳои муштарак бо ҷалби доираҳои соҳибкорӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Дар ҳамин рӯз ҳамчунин дар қароргоҳи Консулгарии фахрӣ вохӯрии Сафир бо роҳбарони диаспораҳои шаҳри Ҳамбург бо иштироки Консули фахрии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар музофотҳои федеролии Ҳамбург ва Шлезвиг-Ҳолштайн Куруш Пуркиён баргузор гардид. Дар ҷараёни он масъалаҳои таҳкими ҳамкории Сафорат бо диаспораҳои шаҳри Ҳамбург, инчунин ташкили чорабиниҳои фарҳангӣ, аз ҷумла таҷлили ҷашни Наврӯз дар соли 2026 баррасӣ карда шуданд.
АКС: Сафорати Тоҷикистон дар Олмон








Дар Боку тавсеаи ҳамкории Тоҷикистон ва Озарбойҷон дар соҳаи воситаҳои ахбори омма баррасӣ гардид
Дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Русия Рӯзи Модар таҷлил гардид
Сафири Тоҷикистон дар Амрико бо Директори иҷроияи ширкати Mooney Group мулоқот кард
Дар Қоҳира масъалаи таҳкими ҳамкории Тоҷикистону Миср баррасӣ шуд
Имконияти ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва ширкати NVIDIA дар соҳаи зеҳни сунъӣ баррасӣ гардид
Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ба роҳбарият ва мардуми Эрон изҳори тасаллият ва ҳамдардӣ намуд
Ҳамкории Тоҷикистону Беларус дар соҳаи фарҳанг ва санъат густариш меёбад
Сафири Тоҷикистон бо муовини вазири корҳои хориҷии Давлати Кувайт мулоқот намуд
Дар Душанбе масъалаи рушди муносибатҳои Тоҷикистону Фаронса баррасӣ шуд
«Сомон Эйр» барои баргардонидани шаҳрвандони Тоҷикистон аз кишварҳои Ховари Миёна парвозҳои чартерӣ анҷом медиҳад
Тоҷикистон ва Беларус 30-солагии барқарор гардидани муносибатҳои дипломатиро ҷашн мегиранд






