Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид

Декабрь 27, 2025 16:00

ДУШАНБЕ, 27.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бо иштироки омӯзгорон ва кормандону донишҷӯён  маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин донишкада.

Ректори донишкада Бахтиёр Маҳмадалӣ роҷеъ ба мақом ва манзалати асари безаволи Фирдавсӣ, тақдими ин асари гаронбаҳо аз ҷониби Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба тамоми сокинони мамлакат сухан намуда, нақши «Шоҳнома»-ро дар худшиносию худогоҳии насли ҷавон ва ватандӯстию ватанпарастӣ хеле муассир арзёбӣ намуд.

Изҳор гардид, ки «Шоҳнома»-и шоири бузург Ҳаким Фирдавсӣ тамоми анъанаю одатҳои миллӣ ва рукнҳои давлатдориро фаро гирифта, сарчашмаи илмӣ-адабӣ ва ҳамзамон санади таърихиест, ки аз шуҷоатмандию далерӣ ва меҳандӯстию оини ватандӯстии  гузаштагонамон қисса мекунад.

Дар маҳфил донишҷӯён аз достонҳои «Шоҳнома» бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва инглисӣ пораҳо қироат намуданд. Ҳамзамон навори таърихии қироати достонҳои «Шоҳнома» аз ҷониби Шоири халқии Тоҷикистон Лоиқ Шералӣ манзури ҳозирин гардонида шуд.

АКС: Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон

Декабрь 27, 2025 16:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Туҳфаи Президенти Тоҷикистон — «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ ба Зафаробод расид
Озмуни «Шоҳномахонӣ» рӯйдоди муҳими фарҳангию маърифатӣ аст
«ШОҲНОМАХОНӢ». Дар Суғд барои даври сеюми озмуни ҷумҳуриявӣ беш аз 400 ҳазор сомонӣ ҷудо гардид
«ШОҲНОМАХОНӢ». Дар Хатлон барои ғолибони даври сеюми озмуни ҷумҳуриявӣ беш аз 200 ҳазор сомонӣ ҷудо гардид
Сокинони ноҳияи Шаҳритус соҳиби туҳфаи Пешвои миллат- «Шоҳнома»-и безавол мегарданд
Сокинони ноҳияи Қубодиён соҳиби туҳфаи Пешвои миллат- «Шоҳнома»-и безавол мегарданд
Сокинони ноҳияи Ҷаббор Расулов соҳиби туҳфаи Пешвои миллат — «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ мегарданд
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд маҳфили илмӣ-адабии «Шоҳномахонӣ» баргузор шуд
Туҳфаи Президенти Тоҷикистон — «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ ба ноҳияи Мастчоҳ расид
Дар Истаравшан тақдими «Шоҳнома»-и безаволи Ҳаким Фирдавсӣ оғоз гардид
Сокинони шаҳри Бӯстон соҳиби туҳфаи арзандаи Пешвои миллат — «Шоҳнома»-и Ҳаким Фирдавсӣ мегарданд
Туҳфаи арзандаи Пешвои миллат — «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ ба 60 ҳазор оилаи шаҳри Панҷакент тақдим мегардад