Дар Душанбе 24 нуқтаи савдо дар маконҳои номуайян бартараф карда шуд
ДУШАНБЕ, 18.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар атрофи бозори «Сафариён» – и шаҳри Душанбе 24 нуқтаи савдо, ки дар маконҳои номуайян фаъолият доштанд, бартараф карда шуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри душанбе хабар доданд.
Иттилоъ дода шуд, ки ин санҷиш бо мақсади таъмини риояи қоидаҳои санитарию гигиенӣ ва пешгирии монеагузорӣ ба ҳаракати шаҳрвандон дар роҳ анҷом дода шуд.
Зимни санҷиш муайян гардид, ки як гурӯҳ шаҳрвандон бар хилофи қоидаҳои шаҳрнишинӣ дар роҳрави пиёдагардон ва даромадгоҳи бозор худсарона нуқтаи савдо ташкил намуда, бо ин амалашон на танҳо талаботи санитариро вайрон, балки барои ворид гардидани шаҳрвандон ба бозор низ монеа эҷод намудаанд.
Мақомот шаҳрвандонро даъват менамояд, ки маҳсулоти хӯроквориро танҳо дар ҷойҳои махсуси муайяншуда ва бо риояи пурраи қоидаҳои санитарию гигиенӣ фурӯшанд. Ҳамзамон нисбат ба саломатии аҳолӣ ва талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бетафовут набошанд.
АКС: Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе








Ҷамъи 11: МегаФон Тоҷикистон шабакаи идораҳои хизматрасонӣ ба муштариёнро васеъ менамояд
5-6 март дар Тоҷикистон борони бошиддат пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба роҳҳои пешгирии коррупсия, терроризм ва экстремизм ҳамоиш доир шуд
Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Модар ҳамоиш доир гардид
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Дар Душанбе масоили афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ баррасӣ шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Айнӣ қариб 3000 бех ниҳол шинонида шуд
ТАҶАЛЛИБАХШИ НИГИНИ ТОҶИ МИЛЛАТ. Андешаҳо дар мавриди арҷгузорӣ ба Зан-Модар
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар Данғара ҷаласаи Комиссияи ҳудудӣ оид ба муқовимат ба савдои одамон доир гардид






