Дар Душанбе оид ба омӯзиши арзишҳои олимпӣ ҳамоиш баргузор гардид

Декабрь 2, 2025 19:31

ДУШАНБЕ, 02.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 19 шаҳри Душанбе бо мақсади омӯзиши арзишҳои олимпӣ бо иштироки раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфиқор Гулаҳмадзода, муовини Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Дилшод Назаров, котиби генералии Кумитаи миллии олимпии Точикистон Муҳаммадшо Абдуллозода, намояндаи Кумитаи байналмилалии олимпӣ Анфиса Касьянова ва Президенти Кумитаи миллии паролимпии Тоҷикистон Маҳмуд Амонзода ҳамоиш баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Дар ҳамоиш таъкид гардид, ки соҳаи варзиш дар солҳои соҳибистиқлолӣ бо таваҷҷуҳ ва ҳидоятҳои махсуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушд намудааст ва варзишгарони тоҷик ба дастовардҳои беназир ноил гардидаанд. Бо истифода аз имконоти муосири муҳайёшуда, варзишгарони мамлакат пайваста парчами Тоҷикистонро парафшон менамоянд.

Танҳо дар соли 2025 бо иштироки варзишгарон Тоҷикистон дар чорабиниҳои сатҳи байналмилалии варзишӣ соҳиби 480 медал гардидааст.

Намояндаи Кумитаи байналмилалии олимпӣ Анфиса Касьянова иброз намуд, ки шаҳри Душанбе дар солҳои охир ба таври назаррас дар самти ташкили инфрасохтори варзишӣ ва тарғиби тарзи ҳаёти солим хеле пешравӣ намудааст.

Анфиса Касьянова таъкид намуд, ки таҳти роҳбарии ва иқдомҳои Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ пойтахти Тоҷикистон ба маркази муҳими варзишӣ табдил ёфта, барои варзишгарон ва аҳолӣ имкониятҳои васеъ фароҳам оварда шудааст. Ба гуфтаи Анфиса Касьянова, сохтмони майдончаҳо, толорҳои варзишӣ ва клубҳои варзишӣ, ҳамчунин баргузории чорабиниҳои варзишӣ бо сатҳи байналмилалӣ нишонаи талошҳои пайгиронаи роҳбарияти шаҳр барои рушди варзиш мебошад.

Дар ҳамоиш инчунин таъкид гардид, ки соҳаи варзиш дар мамлакат имрӯз ҳамчун ҷузъи муҳими тарбияи ҷисмонӣ ва маънавӣ ба ҳисоб меравад ва барои ташаккули нерӯи солим, худшиносии миллӣ ва муаррифии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ нақши муҳим мебозад.

Ҳаракати олимпӣ дар Тоҷикистон на танҳо варзишгаронро барои ба даст овардани медалҳои арзишманд роҳнамои мекунад, балки ҷавононро ба риояи одоби варзишӣ, ҳамкории дастаҷамъона ва рушду инкишофи шахсият мусоидат менамояд. Чуинин ҳамоишҳо заминаи устувор барои рушди варзиш ва арҷгузорӣ ба арзишҳои олимпӣ фароҳам меоранд.

 

АКС: АМИТ «Ховар»

Декабрь 2, 2025 19:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Данғара бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Дастаи мунтахаби то 16-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар чемпионати CAFA-2026 иштирок мекунад
Дар Душанбе қуръакашии тақвими Лигаи якуми Тоҷикистон-2026 оид ба футбол баргузор шуд
Варзишгари тоҷик дар Мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми қавитанҳо» соҳиби медали тилло гардид
ФУТБОЛ. Наврӯз Воҳидов ва Фаридун Маҳмадиев аз ҳаққи доварӣ маҳрум карда шуданд
Варзишгари тоҷик Махсатулло Муъминов дар мусобиқаи байналмилалии каратэ-до дар Русия соҳиби медали тилло гардид
Дар Душанбе бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Parimatch Tajikistan ва дастаи футболи «Истаравшан» ҳамкории муштаракро оғоз карданд
Ғолибони даври якуми Чемпионати Тоҷикистон-2026 оид ба футбол байни дастаҳои Лигаи олӣ муайян шуданд
Дар ноҳияи Ёвон ғолибони мусобиқаи байналмилалӣ аз рӯи гӯштини ҷудо қадрдонӣ карда шуданд
PARIMATCH TAJIKISTAN ва КФ «Хуҷанд» оғози шарикии бузургро эълон карданд
Бозии дӯстона байни дастаҳои мунтахаби занонаи Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Арабӣ мусовӣ анҷом ёфт