Дар Душанбе оид ба ҳуқуқи инсон ва механизмҳои амалишавии он ҷаласа доир гардид
ДУШАНБЕ, 11.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. Ҳимояи ҳуқуқҳои инсон дар ҷомеаи муосир яке аз омилҳои асосии таҳкими давлатдории миллӣ, суботи сиёсӣ ва рушди устувор ба ҳисоб меравад. Тоҷикистон ҳамчун аъзои созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид ва Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо ба иҷрои уҳдадориҳои байналмилалии худ дар самти ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон содиқ мемонад.Ин матлаб 10 декабр зимни ҷаласа бахшида ба Рӯзи ҳуқуқи инсон дар мавзуи «Ҳуқуқи инсон ва механизмҳои амалишавии он» дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баён карда шуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, дар ҷаласа иштирокчиён доир ба аҳамияти Рӯзи ҳуқуқи инсон, дастовардҳои мамлкат дар соҳаи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва таҳкими заминаҳои ҳуқуқии ҷомеаи шаҳрвандӣ сухан гуфтанд. Гуфта шуд, ки мардуми Тоҷикистон аз рӯзҳои аввалини соҳибистиқлолӣ озодии инсон ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои ӯро муқаддас шуморидаанд.
Дар ҷаласа иброз гардид, ки Тоҷикистон аз замони ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ тадбирҳои муҳими илмӣ, амалӣ ва қонунгузориро ба роҳ монд, ки натиҷаи онҳо аз ҷониби мутахассисони дохилию хориҷӣ баҳои баланд гирифтанд.
Сардори Раёсати ташкилию бозрасии Хадамоти гумрук Абдумумин Муродиён гуфт, ки «ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон дар ҳама давраҳо арзиши асосии ҷомеаи башарӣ ба ҳисоб меравад. Идеяи озодӣ ва ҳимояи ҳуқуқи инсон решаҳои амиқи таърихӣ дорад ва дар тамаддуни башарӣ шахсиятҳое буданд, ки ба ин арзишҳо такя мекарданд».
Ҳамчунин иброз гардид, ки арзишҳо — озодӣ, адолат, баробарӣ ва эҳтироми ҳуқуқи инсон то имрӯз аҳамияти ҷаҳонӣ дошта, илҳомбахши рушди ҷомеаҳои муосир мебошанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ба ин меъёрҳои умумибашарӣ содиқ буда, дар давраи соҳибистиқлолӣ барои таҳкими ҳуқуқу озодиҳои инсон ва баланд бардоштани манзалати инсон дар ҷомеа тадбирҳои муҳим меандешад.
АКС: Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Мусобиқаи кушод оид ба гӯштини тарзи озод байни наврасон оғоз гардид
Наврасони Тоҷикистон баъди ғалаба дар дивизиони «D» дар Боку ба Ватан баргаштанд
Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бозии дуюми дӯстонаро бо Қатар мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Чемпионати ҷаҳон-2026 оид ба футбол бар тимҳои Бермуд ва Филиппин пирӯз шуд






