Дар Хадамоти алоқа ба муносибати Рӯзи ҳуқуқи инсон ҳамоиш доир шуд

Декабрь 10, 2025 14:43

ДУШАНБЕ, 10.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳури Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи ҳуқуқи инсон таҳти унвони «Дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ҳуқуқи инсон»  ҳамоиш доир шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти алоқа иттилоъ доданд.

Иброз гардид, ки дар замони муосир ҳимояи ҳуқуқҳои ҳар шаҳрванд заминаи таҳкими давлатдории миллӣ, суботи сиёсӣ ва рушди устувори ҷомеа ба шумор меравад. Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ҳамчун аъзои созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо ва Шурои ҳуқуқи инсон ҳамеша ба иҷрои уҳдадориҳои байналмилалии худ дар самти ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд содиқ аст.

Таъкид шуд, ки таҳти роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар даврони соҳибистиқлолӣ низоми қонунгузории миллӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон мунтазам такмил меёбад, муассисаҳои ҳифзи ҳуқуқ фаъол гардида, дастрасии шаҳрвандон ба адолати судӣ беҳтар шудааст.

Тазаккур дода шуд, ки боло бурдани сатҳи маърифати ҳуқуқӣ ва эҳтироми арзишҳои умумибашарӣ дар байни кормандони соҳаи алоқа ва ҷомеа омили муҳими пешрафти давлати ҳуқуқбунёд мебошад.

Ёдовар мешавем, ки ҳамасола Рӯзи ҳуқуқи инсон 10 декабр бо мақсади арҷгузорӣ ба арзишҳои озодӣ, баробарӣ ва шаъну шарафи ҳар инсон таҷлил карда мешавад. Маҳз 10 декабри соли 1948 Созмони Милали Муттаҳид Эъломияи умумии ҳуқуқи инсонро қабул кард, ки он санади асосии ҳимоя ва эътирофи ҳуқуқу озодиҳои ҳар инсон ба шумор меравад.

АКС: Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Декабрь 10, 2025 14:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид