Дар Хатлон ҳамкорӣ бо сармоягузорони хориҷӣ ҷиҳати таъсиси нерӯгоҳҳои офтобиву бодӣ тақвият меёбад

Декабрь 19, 2025 09:40

ДУШАНБЕ, 19.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. 16 декабр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» дастур доданд, ки ҳамкориро бо сармоягузорони ватанӣ ва хориҷӣ ҷиҳати бунёди неругоҳҳои барқи офтобиву  бодӣ тақвият бахшида, барои татбиқи саривақтии лоиҳаҳо тадбирҳои фаврӣ андешанд. Ҷиҳати иҷрои саривақтӣ ва босифати ин дастури Сарвари давлат,  роҳбарияти вилояти Хатлон дар самти  таъсиси нерӯгоҳҳои офтобиву шамолӣ тадбирҳои зарурӣ меандешанд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон иттилоъ доданд,  18 декабр дар мулоқоти Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бо сармоягузорони Ҷумҳурии Мардумии Чин  масъалаи тақвияти ҳамкорӣ дар самти таъсиси нерӯгоҳҳои офтобиву бодӣ   баррасӣ гардид.

Зимни вохӯрӣ иброз гардид, ки дар Тоҷикистон тақвият ва густариши робитаҳои корӣ бо ширкатҳои Чин яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти иқтисодии хориҷӣ ба шумор  меравад.

«Чин аз иқдомоти Тоҷикистон доир ба таъмини дастрасӣ ба манбаъҳои таҷдидшавандаи нерӯи барқ, ба мисли гидроэнергетика ва энергетикаи бодию офтобӣ  дастгирӣ хоҳад кард»,-иброз доштанд  сармоягузорони  Ҷумҳурии Мардумии Чин.

Ҳамчунин ҷонибҳо доир ба тавсеаи ҳамкорӣ, рушди иқтисоду тиҷорат, ҷалби сармоя, таъсиси корхонаҳои саноатӣ ва амалӣ намудани технологияҳои муосир дар вилояти Хатлон мубодилаи афкор намуданд.

Ёдовар мешавем, ки  айни замон  корҳои лоиҳавии сохтмони ду неругоҳи офтобӣ бо иқтидори умумии 500 мегаватт – 250 мегаватт дар вилояти Суғд ва 250 мегаватт дар вилояти Хатлон – оғоз гардида, то моҳи августи соли 2026 ба истифода супорида мешаванд.

Дар давоми ду соли оянда бо ҷалби сармояи мустақим дар кишвар якчанд неругоҳи барқи офтобиро бо иқтидори умумии 1500 мегаватт мавриди истифода қарор дода мешаванд.

 АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон

Декабрь 19, 2025 09:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Дурнамои нишондиҳандаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳру ноҳияҳои Роғун, Ваҳдат, Файзобод ва Варзоб муаррифӣ карда шуд
Тоҷикистон ва Туркманистон ҳамкориро дар соҳаи саноати нассоҷӣ тақвият медиҳанд
Дар Вазорати молияи Тоҷикистон татбиқи лоиҳаҳои нақлиёту энергетика баррасӣ гардид
Дар Палатаи ҳисоб оид ба пешгирӣ ва муқовимат ба коррупсия машварат баргузор шуд
Дар Душанбе Протоколи ҷаласаи 14-уми Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистон ва Туркманистон ба имзо расид
Татбиқи лоиҳаҳои Бонки исломии рушд дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
БА ТАВАҶҶУҲИ РОНАНДАГОН! Набудани бимаи суғурта ва корти ташхиси техникӣ минбаъд тавассути дурбинҳо сабт карда мешавад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Олмон дар самти рушди инноватсия ва технологияҳои рақамӣ баррасӣ гардид
Масато Канда: «БОР 1,1 миллиард доллари ИМА-ро ба татбиқи Стратегияи нави шарикӣ бо Тоҷикистон барои солҳои 2026–2030 ҷалб менамояд»
Иқтидори сайёҳии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «ITB Berlin 2026» муаррифӣ мегардад
Ҷаласаи чордаҳуми Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистон ва Туркманистон баргузор гардид
Татбиқи «Стратегияи Бонки Осиёии Рушд барои Тоҷикистон дар давраи солҳои 2026–2030» оғоз мегардад