Дар Хатлон ҳамкорӣ бо сармоягузорони хориҷӣ ҷиҳати таъсиси нерӯгоҳҳои офтобиву бодӣ тақвият меёбад
ДУШАНБЕ, 19.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. 16 декабр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» дастур доданд, ки ҳамкориро бо сармоягузорони ватанӣ ва хориҷӣ ҷиҳати бунёди неругоҳҳои барқи офтобиву бодӣ тақвият бахшида, барои татбиқи саривақтии лоиҳаҳо тадбирҳои фаврӣ андешанд. Ҷиҳати иҷрои саривақтӣ ва босифати ин дастури Сарвари давлат, роҳбарияти вилояти Хатлон дар самти таъсиси нерӯгоҳҳои офтобиву шамолӣ тадбирҳои зарурӣ меандешанд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон иттилоъ доданд, 18 декабр дар мулоқоти Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бо сармоягузорони Ҷумҳурии Мардумии Чин масъалаи тақвияти ҳамкорӣ дар самти таъсиси нерӯгоҳҳои офтобиву бодӣ баррасӣ гардид.
Зимни вохӯрӣ иброз гардид, ки дар Тоҷикистон тақвият ва густариши робитаҳои корӣ бо ширкатҳои Чин яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти иқтисодии хориҷӣ ба шумор меравад.
«Чин аз иқдомоти Тоҷикистон доир ба таъмини дастрасӣ ба манбаъҳои таҷдидшавандаи нерӯи барқ, ба мисли гидроэнергетика ва энергетикаи бодию офтобӣ дастгирӣ хоҳад кард»,-иброз доштанд сармоягузорони Ҷумҳурии Мардумии Чин.
Ҳамчунин ҷонибҳо доир ба тавсеаи ҳамкорӣ, рушди иқтисоду тиҷорат, ҷалби сармоя, таъсиси корхонаҳои саноатӣ ва амалӣ намудани технологияҳои муосир дар вилояти Хатлон мубодилаи афкор намуданд.
Ёдовар мешавем, ки айни замон корҳои лоиҳавии сохтмони ду неругоҳи офтобӣ бо иқтидори умумии 500 мегаватт – 250 мегаватт дар вилояти Суғд ва 250 мегаватт дар вилояти Хатлон – оғоз гардида, то моҳи августи соли 2026 ба истифода супорида мешаванд.
Дар давоми ду соли оянда бо ҷалби сармояи мустақим дар кишвар якчанд неругоҳи барқи офтобиро бо иқтидори умумии 1500 мегаватт мавриди истифода қарор дода мешаванд.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон








Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд
Ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда дар Тоҷикистон 25,5 фоиз зиёд гардидааст
Ширкатҳои Тоҷикистон ҳамкориро бо соҳибкорони Ҷопон таҳким мебахшанд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишнома дар бораи ҳамкории иттилоотӣ дар соҳаи таъминоти нафақа ба имзо расид
Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон бо лоиҳаҳои рақамикунонии ширкати «KEGOC»-и Қазоқистон шинос шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд
Дар ноҳияи Ҷайҳун сохтмони неругоҳи барқи офтобӣ бо иқтидори 250 мегаватт идома дорад






